Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов барои медали биринҷии Чемпионати Осиё-Океания талош меварзанд

Апрель 8, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз-дар рӯзи сеюми Чемпионати Осиё-Океания, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷараён дорад, ду паҳлавони маъруфи тоҷик — Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90кг ва  Темур Раҳимов дар вазни +100кг ба сабқатҳо  шурӯъ карданд. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар даври аввали рақобатҳои Темур варзишгари кишвари Ҳиндустон — Карам Бирро мағлуб кард. Дар даври ¼-ниҳоӣ Темур Раҳимов бар варзишгари мизбон Юрий Краковетский дастболо шуда, ба даври ½-ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври нимфинал Темур бо варзишгари ошно Хисаёши Харасаваи японӣ, ки дар даври ¼-ниҳоии мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург»-и Анталия шикаст хӯрда буд, боз дучори нокомӣ шуд. Барои ба даст овардани медали биринҷӣ Темурро мебояд, ки варзишгари қазоқ Кажибаев Ерасилиро мағлуб намояд.

Паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён рӯзи сеюми мусобиқа  дар даври аввал бо  паҳлавони туркман — Шатлик Тораев қувва санҷид. Дар ин дидор   Комроншоҳ Устопириён бо гирифтани ду «ваза-ари» ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Дар даври дуюм Устопириён бо Бозбаев Ислом Қазоқистон набард кард. Дар ин сабқат Комроншоҳ Устопириён комёб шуда, ба даври ½—финал роҳ ёфт. Ҳамин тавр дар даври ½- ниҳоӣ Комроншоҳ бо ду карат барандаи нишони тиллои «Тоскулоҳи бузург» варзишгари  японӣ — Сёитиро Мукай рақобат намуда, аз ӯ шикаст хӯрд. Ҳоло Комроншоҳ барои соҳиб шудан ба медали биринҷӣ бо Бу Ҳебилиги чинӣ мубориза мебарад.

Инчунин дар  рӯзи сеюми  Чемпионати Осиё-Океания, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷараён дорад, ду паҳлавони   сангинвазни тоҷик  Мансур Раҳмон -100кг ва Хуршед Маҷидов +100кг ба рақобатҳо шурӯъ карданд. Мансур Раҳмон дар даври аввал аз намояндаи Австралия — Кайхан Озчичека-Такаги дучори бохт шуда, аз идомаи бозиҳо маҳрум монд. Хуршед Маҷидов низ дар даври нахуст аз Алишер Юсупови ӯзбек мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем,  ки дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё-Океания  паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73кг бар се ҳарифаш  ғолиб омада,  дар финал  аз қаҳрамони Doha Masters 2021, намояндаи кишвари Кореяи Ҷанубӣ – Ан Чангрим шикаст хӯрда, сазовори медали нуқра гардид. Ҳамчунин   дар рӯзи дуюми мусобиқа рақобатҳои паҳлавонони дигари  тоҷик, Ҳақназар Назаров ва Акмал Муродов, ҳарду дар вазни  -81 кг доир шуданд. Ҳақназар Назаров, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо ҳарифаш аз Кореяи Ҷанубӣ — Мун Ҷин Ли қувва санҷид. Дар ин майдондорӣ варзишгари  мо бо усули «ваза-ари» шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд. Варзишгари  дигари ин вазн Акмал Муродов рақобатро аз марҳилаи дуюм бар муқобили Халил Ребаҳии қатарӣ оғоз кард. Дар ин дидор Акмал Муродов комёб шуда, ба даври навбатӣ роҳ пайдо кард. Дар даври навбатӣ Акмал Муродов аз паҳлавони  эронитабори Муғулистон — Саид Муллаӣ  мағлуб гардид ва аз идомаи рақобатҳои  Чемпионати Осиё-Океания маҳрум шуд.

Апрель 8, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд