«Либоси миллӣ-муаррифи фарҳанги миллӣ»-таҳти чунин унвон ҳамоиш доир гардид

Апрель 26, 2021 16:50

ДУШАНБЕ, 26.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамоиши раисони кумитаҳои падару модарон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт таҳти унвони «Либоси миллӣ-муаррифи фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарияти мақомоти иҷоияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату кумитаҳои дахлдор, сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, намояндагони кумитаи падару модарон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгорие аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебоиашро гум накардааст. Насли имрӯзро дар баробари ифтихормандӣ, инчунин зарур аст, ки баҳри ҳифзу муаррифии  он  масъулиятшинос бошад. Ин ганҷинаи бебаҳои ғайримоддии миллати куҳанбунди худро омӯхта, қадр, ҳифз ва муаррифӣ намуда, ба наслҳои оянда ба мерос гузорад».

-Агар либоси миллатҳо мазмуни хоси худро намедошт, чаро  онҳо аз якдигар тафовути зиёд доранд? Агар либос ҳикматеро дар худ таҷассум намекард, чаро ранги онро муносиб ба маросимҳо интихоб мекарданд? Ин ҳама бозгӯи он аст, ки либоси миллӣ рукни муҳими ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҳар як миллату халқият буда, ҳувияти онҳоро дар замони ҷаҳонишавӣ таъмин менамояд. Ҳар як нафаре, ки ба дараҷаи худшиносии миллии худ расидааст, дарк мекунад, ки нигоҳ дошта тавонистани арзишҳои миллӣ ҳам қарз асту ҳам ифтихор. Пас, биёед он ҷузъи фарҳанги миллиро, ки моро ҳамчун тоҷик муаррифӣ менамояд, аз омезишҳо ва тақлиди кӯркӯрона эмин нигоҳ дорем”,-таъкид намуд мавсуф.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз дошт, ки «либоси миллӣ дар баробари забону фарҳанг  аз рукнҳои асосии ҳастии миллат маҳсуб мешавад.   Либоси миллӣ низ  дар шебу фарози таърих  борҳо дар вартаи нобудшавӣ қарор гирифтааст. Аммо эҳсоси баланди худшиносии бонувони тоҷик  зебогиву шинамии либоси тоҷикиро то ба  наслҳои имрӯза  расонидаанд. Мутаассифона,  имрӯз тақлиди бархе  аз занону духтарон  ба фарҳангу либоси  бегона метавонад ба рушди  фарҳангу либоси миллӣ  монеа эҷод намояд».

Мавсуф иброз дошт, ки “сулҳи Тоҷикистон барои ҷаҳониён ибрат аст. Пас мо, занону бонувон ва ҷавонон бояд талош намоем, ки фарҳанги миллӣ ва либоси миллии тоҷикон низ барои ҷаҳониён намунаи ибрат бошад”.

Дар ҳамоиши мазкур инчунин роҳбарияти вазорату идораҳо, кумитаҳои падару модарон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт ба сухан баромада, оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамчун нишонаи фарҳанги миллии халқамон андешаҳои хешро иброз намуданд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки бояд масъулини соҳаи маориф бештар ташаббус нишон дода, дар тарғиби либоси миллӣ миёни наврасону ҷавонон бо гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, дарсҳои кушоди намунавӣ ва мулоқоту суҳбатҳои мунтазам бо волидайни хонандагон фаъол бошанд.

Дар фарҷом иштирокчиёни ҳамоиши «Либоси миллӣ-муаррифи фарҳанги миллӣ» ба қароре омаданд, ки баҳри тарғиби сару либоси миллӣ дар байни наврасону ҷавонон ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва падару модаронро боз ҳам тақвият бахшида, дар ин самт бо ташкили барномаҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ тарғиби оммавии истифодаи либоси миллиро ба роҳ монанд.

Апрель 26, 2021 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд