Мавқеи паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар раддабандии нави IJF муайян гардид

Апрель 21, 2021 14:03

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи ҷаҳонии дзюдо  раддабандии нави варзишгарони  ҷаҳонро нашр кард, ки Сомон Маҳмадбеков дар садри рӯйхати дзюдочиёни Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамчунин Сомон Маҳмадбеков бо 3580 имтиёз дар раддабанди олимпӣ дар мақоми 15-уми бистгонаи имтиёздорони вазни -73 кг қарор гирифтааст. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи муқаррароти Федератсияи ҷаҳонии дзюдо,  паҳлавононе, ки дар сабқатҳои ҷаҳонӣ имтиёзи олимпӣ ба даст овардаанду дар бистгонаи ҳар вазн қарор гирифтаанд, роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст меоранд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло танҳо ду паҳлавони шинохта- Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳ Устопириён дар бистгонаи вазнҳои худ қарор гирифтаанд.

Комроншоҳ Устопириён бо 2784 имтиёз дар мақоми 20-уми бистгонаи вазни -90 кг қарор дорад. Паҳлавони гаронвазни тоҷик — Темур Раҳимов бо касби 3009 имтиёз як зина болотар аз бистгона- дар мақоми 21-ум қарор дорад.

Дар раддабандии олимпӣ мақоми варзишгарони дигари тоҷик чунин аст: Беҳрӯз Хоҷазода бо 2796 имтиёз дар ҷои 25-ум, Акмал Муродов бо 1024 имтиёз дар мақоми 51-ум, Шакармамад Мирмамадов бо 892 имтиёз дар мақоми 51-ум ва Шаҳбоз Саидаброров бо 876 имтиёз дар ҷои 57-ум қарор доранд.

Апрель 21, 2021 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад