Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА муайян шуд

Апрель 8, 2021 09:03

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА)   7  апрел рейтинги нав нашр намуд, ки тибқи он дастаи  мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро иваз карда, бо касби 1151.1 имтиёз дар зинаи 121-ум боқӣ монд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар байни кишварҳои Осиё аз ҳама натиҷаи беҳтарро дастаи мунтахаби Япония дошта, бо касби 1509.34 хол дар зинаи 28-уми раддабандӣ қарор дорад. Дар рейтинги КФО дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 22-юм ҷой дорад. Дар феҳристи раддабандии нави ФИФА дастаи мунтахаби  Белгия бо 1783.38 имтиёз дар зинаи якум,  дастаи мунтахаби  Франсия бо 1757.3 имтиёз дар ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби  Бразилия бо 1742.65 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Топ-10-и раддабандии ФИФА дар айни ҳол ба таври зайл аст:

  1. Белгия (1783.38)
  2. Франсия (1757.3)
  3. Бразилия (1742.65)
  4. Англия (1686.78)
  5. Португалия (1666.12)
  6. Испания (1648.13)
  7. Италия (1642.06)
  8. Аргентина (1641.95)
  9. Уругвай (1639.08)
  10. Дания (1631.55)

…

  1. Тоҷикистон (1151.1).
Апрель 8, 2021 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад