Мавсума Муинӣ дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз саҳми ҷавонон дар бунёди ҷомеаи навин сухан гуфт

Апрель 2, 2021 16:50

ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо гурӯҳҳои таблиғотӣ  вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ доир ба саҳми ҷавонон дар бунёди ҷомеаи навин,  ҳифзи солимии инсон, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, тарғиби арзишҳои миллию  маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа изҳори андеша намуд.

Мудири шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов зикр намуд, ки «фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ инъикос намуда, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем».

Дар мулоқот аз бобати тарғиби ҳадафҳои арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, аҳамияти озмунҳои ҷумҳуриявӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон, тарбияи ватандӯстӣ, иштироки ҳамагон дар корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ, сабзазоркунию хуррамгардонӣ, маҳкум намудани зуҳуроти номатлуби бегонапарварӣ, ба гурӯҳҳои ифротӣ нагаравидани наврасону ҷавонон омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои муфид баён гардиданд.

Сипас ба як гурӯҳ донишҷӯён ва устодони донишгоҳи мазкур, ки дар чорабиниҳои пойтахт иштироки фаъол доштанд, ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Имрӯзҳо вохӯриву суҳбатҳои гурӯҳҳои  тарғиботӣ — идеологии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт пайваста идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Апрель 2, 2021 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид