Мулоқоти маҷозии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва зерсохтори АМА баргузор гардид

Апрель 8, 2021 13:35

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти маҷозии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл ал-Мазрӯӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо аз рушди  муносибатҳои Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, бар зарурати таҳкими ҳамкорӣ байни Душанбе ва Абу Забӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, башардӯстона ва ҳавопаймоӣ таъкид карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Апрель 8, 2021 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳии Лубнон мулоқот намуд
Дар Кувайт бахшида ба ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Полша густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Лубнон Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Масъалаи таъсиси намояндагии доимии ЮНЕСКО дар Душанбе баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ баргузор гардид