ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад

Апрель 22, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон  ва жола меборад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, бориши борон ва барф  дар назар аст. Дар ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши бошиддат ва раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 дараҷа гарм ва  рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона  2+7 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимоли боридани жола дар назар буда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 7+12  дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  тағйирёбанда шуда,  дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ боридани борони бошиддат дар назар аст. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14  дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8  ва рӯзона  12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон бориши сусти борон ба амал меояд. Рӯзона асосан ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти  ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  9+11 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 22, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд