Шукрона Карчиева дар Чемпионати Осиё-Океания барои медали биринҷӣ талош мекунад

Апрель 6, 2021 13:31

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 апрел дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Чемпионати Осиё-Океания оғоз шуд, ки дар он се варзишгарбонуи тоҷик — Шукрона Карчиева дар вазни 48кг, Аҳлия Мӯъминова дар вазни 52кг ва Фазилат Гулбоева дар вазни 52кг рақобат намуданд. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Нахустин шуда, Шукрона Карчиева бо намояндаи Чин — Ка Ки Вонг вориди майдони рақобат шуд. Дар ин дидор намояндаи кишвари мо пирӯз шуда, ба даври навбатӣ роҳ ёфт. Дар даври 2-юм  Шукрона аз варзишгари кишвари Тайбэйи Чин – Лин Чен – Ҳао мағлуб шуд. Вале ин анҷоми кор нест, зеро Шукрона Карчиева дар даври тасаллибахш бар варзишгарбонуи мизбон – Мусакулова Айсулу ғолиб омад. Акнун барои ба даст овардани  медали биринҷӣ Шукрона Карчиева бо ғолиби ҷуфти Гулнур Муратбаева (Ӯзбекистон) ва Абиба Абужакёнова (Қазоқистон) рақобат мекунад.

Ду варзишгари  дигари тоҷик Аҳлия Мӯъминова  дар даври аввал аз намояндаи кишвари Туркманистон — Гулбодом Бобомуродова дучори бохт шуда, аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Фазилат Гулбоева низ ба монанди Аҳлия дар даври нахуст аз Тинка Истони австриягӣ мағлуб шуд.

Апрель 6, 2021 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон