Онкологҳои Тоҷикистон дар Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои ИДМ ва Авруосиё дастовардҳои соҳаро муаррифӣ карданд
ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Анҷумани 12 –уми ғайринавбатии саратоншиносон ва радиологҳои давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Авруосиё баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар анҷумани мазкур муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода тариқи онлайн иштирок ва суханронӣ намуд.
Инчунин дар Анҷумани 12-уми ғайринавбатии саратоншиносон мутахассисони ҷавони соҳаи саратоншиносии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ҳусейнзода иштирок намуда, дастовардҳои соҳаи саратоншиносии мамлакатро муаррифӣ намуданд.
Анҷумани 12–уми ғайринавбатии саратоншиносон ва радиологҳои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Авруосиё тариқи онлайн бахшида ба 25-солагии анҷумани якум доир шуда, дар он роҳбарияти вазоратҳои тандурустии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ, мутахассисони соҳаи саратоншиносӣ ва олимони соҳа иштирок намуданд.
Дар анҷуман зикр шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо имкон медиҳад, ки мутахассисони саратоншинос бо дастовардҳои навини илм ва амалияи соҳаи мазкур шинос шаванд.








Дар даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» 370 хонандаю донишҷӯ иштирок менамоянд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар Беларус такмили таҷриба менамоянд
Форуми байналмилалии малакаҳо: Тоҷикистон — 2026 дар ноҳияи Данғара оғоз шуд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Конфронси II байналмилалии байниҳизбӣ дар Беларус иштирок намуд
Лоиҳаҳои барномаҳои пешгирӣ ва назорати диабети қанд ва рушди саноати фарматсевтӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия гардиданд
Сарвари давлат: «Дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст»
Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд






