Онкологҳои Тоҷикистон дар Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои ИДМ ва Авруосиё дастовардҳои соҳаро муаррифӣ карданд

Апрель 8, 2021 14:27

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.   7 апрел дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия  Анҷумани 12 –уми ғайринавбатии  саратоншиносон ва радиологҳои давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Авруосиё баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар анҷумани мазкур муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Ғафур Муҳсинзода тариқи онлайн иштирок  ва суханронӣ намуд.

Инчунин дар Анҷумани 12-уми ғайринавбатии  саратоншиносон мутахассисони ҷавони соҳаи саратоншиносии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ҳусейнзода иштирок намуда, дастовардҳои соҳаи саратоншиносии мамлакатро муаррифӣ намуданд.

Анҷумани 12–уми ғайринавбатии  саратоншиносон ва радиологҳои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Авруосиё тариқи онлайн бахшида ба 25-солагии анҷумани якум доир шуда, дар он  роҳбарияти  вазоратҳои тандурустии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ, мутахассисони соҳаи саратоншиносӣ ва  олимони соҳа иштирок намуданд.

Дар анҷуман зикр шуд, ки  баргузории чунин ҳамоишҳо имкон медиҳад, ки мутахассисони саратоншинос  бо дастовардҳои навини илм ва амалияи  соҳаи мазкур шинос шаванд.

Апрель 8, 2021 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд