Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд

Апрель 20, 2021 17:45

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо, аз ҷумла қонунҳо “Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба қонунҳо “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, “Дар бораи ниҳолпарварӣ”, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” қонунҳои мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои фаъолияти онҳоро танзим менамоянд.

Тағйиру иловаҳои воридгардида ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили сохтори мақомоти судӣ, беҳдошти фаъолияти он, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни мурофиа ва паҳлуҳои дигари соҳа нигаронида шудаанд.

Қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, рушди соҳаи илм ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот нашр мегарданд.

Апрель 20, 2021 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд