Пешвои миллат: «Ҳунармандони наққошу кандакори Исфара миллати тоҷик ва Тоҷикистонро бо ҳунари волои худ дар ҷаҳон муаррифӣ мекунанд»

Апрель 10, 2021 10:07

ВОРУХ, 10.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух мулоқоти самимӣ, созанда, пурифтихор ва озоду ошкор анҷом доданд. Дар ин сафар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳайати калони намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла хабарнигорони АМИТ «Ховар» ҳамроҳӣ намуданд.

Мулоқоти самимӣ

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дарвоқеъ Президенти мардумӣ ҳастанд, ҳамеша дар ҳар сафар ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат  бо мардум аз наздик мулоқоту суҳбатҳои самимӣ ва ошкоро анҷом медиҳанд. Мулоқоти навбатии Пешвои миллат дар деҳоти Ворух бо сокинон низ хеле самимӣ ва дар фазои идона доир шуд. Аз рӯҳияи мардум бармеомад, ки онҳо аз мулоқот бо Пешвои хеш ифтихор доранд ва ин рӯз барояшон ҷашни ҳақиқӣ буд. Мусаллам аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти ҷойдошта дар шаҳри Исфара, бахусус деҳоти Ворух пура огоҳанд. Ба ин нигоҳ накарда, дар ин мулоқот иштирокчиёни он мушкилоти мавҷударо возеҳу равшан ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Ворух бо об таъмин мегардад

Сокинони Ворух аз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дархост карданд, ки дар бартараф намудани норасоии об дар бархе аз маҳаллаҳо мусоидат намоянд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки ҳарчи зудтар маҳаллаҳое, ки аз надоштани об танқисӣ мекашанд, бо об таъмин карда шаванд.

Ворух ва таъмири роҳҳои байни маҳаллаҳо

Тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, бо шарафоати заҳматҳои фарзандони бо нангу номуси деҳоти Ворух 7 км роҳҳои маҳаллӣ асфалтпӯш шудаанд. Сокинони Ворух бо ҳамовозӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш намуданд, ки боқимонда роҳҳои маҳаллаҳои ҳудуди деҳоти Ворух таъмир карда шаванд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дастур ба сохторҳои дахлдори давлатӣ, инчунин ваъда доданд, ки 20 километр роҳҳои байни маҳаллаҳои деҳоти Ворух аз ҳисоби Президенти мамлакат таъмир хоҳанд шуд.Ин иқдоми Пешвои миллат бо хушнудӣ ва истиқболи самимӣ аз ҷониби сокинон пазируфта шуд.

Инчунин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки беморхонаи деҳоти  Ворух бо кадрҳои тиббӣ пурра таъмин карда шавад. Бо мақсади бештар фарогирифтани ҷавонони деҳоти Ворух ба хониш ва касбомӯзӣ, иловатан ба квотаҳои ҳамасолаи Президентӣ барои хатмкунандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Исфара ва дигар деҳоти он зимни ин мулоқот ба 15 нафар ҷавонони деҳоти Ворух квотаҳои Президентӣ барои шомил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат пешниҳод шуданд.

Исфара — ифтихори миллату давлат

Шаҳри бостонии Исфара на танҳо яке аз шаҳрҳои асосии саноативу кишоварзии мамлакат, балки яке аз шаҳрҳои бостонӣ ва як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон буда, бо мардуми соҳибмаърифату ҳунарманд ва меҳмондӯст, инчунин табиати зебо, меваҳои шаҳдрез, меъмории ба худ хос ва ёдгориҳои бостониаш шуҳрат дорад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби бузурги наққошону кандакорони устоҳои Исфара ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки»онҳо имрӯз беҳтарин биноҳои Тоҷикистонро зебу оро медиҳанд ва  берун аз кишвар низ ҳаводорони зиёд ва шуҳрати хосса доранд. Ин ҳунармандони наққош ва кандакори Исфара миллати тоҷик ва Тоҷикистонро бо ҳунари волои худ муаррифӣ мекунанд.

Пешвои миллат бо ифтихор аз муҳорибаи зодаи шаҳри бостонии Исфара, варзишгари маъруф Муҳаммадхӯҷа Ёқубов (Муҳаммадхуҷа Ёқубов маротибаи чорум аст, ки дар ташкилоти «WBC International champions» (World Boxing Council) камарбанди қаҳрамонии худро ҳимоя мекунад–тавзеҳи АМИТ «Ховар»), ки чанде пеш дар як мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ оид ба бокс камарбанди қаҳрамонии худро ҳимоя намуд, ёдоварӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Пешвои миллат ин варзишгари муваффақи тоҷикро ба назди худ даъват карда, бо ӯ суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дастоварди беназири духтари тоҷик Манижа Сангин низ ёдовар шуда, бо ифтихор иброз доштанд: «Аҳсан ба ӯ, ки ҳамеша мегӯяд, тоҷик аст. Дар Тоҷикистон таввалуд шудааст. Лекин шаҳрванди Россия ҳаст.Зебо месарояд. Мо бо ӯ ифтихор дорем. Бояд дастгирӣ кунем».

Ёдовар мешавем, ки Манижа Сангин имсол дар озмуни байналмилалии Евровидение-2021 Россияро муаррифӣ мекунад.

  Делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ  

Дар фарҷоми мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дагар аз мардуми заҳматкаши шаҳри Исфара, бахусус сокинони деҳоти Ворух даъват карданд, ки дар масъалаҳои сарҳадӣ ба эҳсосот дода нашаванд. «Барои ҳалли мушкилоти сарҳадӣбо кишвари Қирғизистон давлат ва ҲукуматиТоҷикистон кор бурдаистодаанд ва ҳалли ин масъала вақтро талаб мекунад. Ҷониби Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳарду тараф  мебошад», — тазаккур доданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Апрель 10, 2021 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд