Сарбозони қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон дар баробари хизмат касбу ҳунар меомӯзанд

Апрель 6, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аввалин шуда, 8 шаҳру ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз анҷоми маъракаи мазкур гузориш доданд.

Аксари ҷавононе, ки дар ин мавсим ба хизмати Ватан ҷалб шудаанд, қаблан дар курсҳои ройгони ронандагӣ ва омӯзиши дигар касбу ҳунар  таҳсил намудаанд. Зимни маросими сафарбарнамоии наваскарон масъулини комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ изҳор менамоянд, ки ҳангоми хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ низ аскарон ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар қисмҳои ҳарбӣ баробари хизмати содиқонаву софдилона ба Ватан-Модар барои сарбозон боз курсҳои бозомӯзӣ ташкил гардида, ба онҳо ҳангоми адои хизмат касбҳои гуногун омӯзонида мешаванд. Ҳадафи он дар оянда ба шуғл фаро гирифтани ҷавонони қобили меҳнат мебошад.

Тавре дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз  26 январи соли равон зикр гардидааст, «роҳбарони вазорату сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки муҳайё кардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарон, омодабошии ҷангӣ, омӯзиши касбии хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, риояи қатъии интизоми хизматӣ, талаботи оинномаҳои ҳарбӣ, мубориза бо ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, махсусан, кирдорҳои коррупсионӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳоро таъмин намоянд».

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чанде пеш лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» бо мақсади ҳавасмандгардонии сарбозон пас аз адои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла муқаррар кардани имтиёзҳои муайян ба ин гурӯҳи шаҳрвандон ва дар навбати аввал ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат бидуни озмун шомил гардидани онҳо таҳия ва пешниҳод гардидааст.

 Аз ин рӯ, бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани сарбозони қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби масъулин тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори роҳбарияти Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамдастӣ бо Муассисаи давлатии касбомӯзии Литсейи техникии ноҳияи Шуғнон курси семоҳаи бозомӯзӣ роҳандозӣ гардид. Давраи омӯзишӣ бо иқдоми роҳбарияти ротаи сеюми Воҳидҳои таъйиноти махсуси қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ аз моҳи январ то моҳи марти соли равон идома ёфт. Дар курси мазкур 45 нафар сарбоз бо ихтисосҳои барқчӣ, кафшергари газию барқӣ, сохтмончӣ ва дигар касбҳои зарурӣ ба таҳсил ҷалб гардиданд.

Ба сарбозон давоми се моҳ устодони соҳибкасби Литсейи техникии ноҳияи Шуғнони ВМКБ нозукиҳои касбҳои мазкурро ба таври амалӣ омӯзониданд ва онҳо минбаъд дар қисмҳои низомӣ аз рӯи ихтисосҳои худ хизмати содиқона хоҳанд кард.

Дар чунин омӯзишҳо ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавононе, ки дар зиндагӣ шуғли доимӣ надоранду ҳангоми хизмати Модар-Ватан, соҳиби шуғл мегарданд, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат дониста мешавад, зеро баъди адои хизмати ҳарбӣ сарбозони таҳсилкарда метавонанд аз рӯи ихтисоси худ дар дилхоҳ ҷой фаъолият намуда, рӯзгори хешро аз рӯи касби интихобнамуда пеш баранд. Баъд аз хатми муваффақонаи курси омӯзишӣ дар бинои Раёсати ВКД дар ВМКБ маросими супоридани шаҳодатномаи малакаи касбӣ ба сарбозон доир гардид.

Дар ҷаласа сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Рустам Мирзомуродзода сарбозонеро, ки аз курси омӯзишӣ сарбаландона гузаштаанд, табрик намуда, гуфт, ки ташкили чунин давраҳои омӯзишӣ барои сарбозон зарур мебошад. Ин ташаббус дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат бобати соҳибкасб шудани ҷавонони бешуғл мусоидат мекунад.

Дар чорабинӣ сардори Раёсат барои фароҳам овардани шароити арзанда барои таҳсили сарбозон ба роҳбарият ва устодони Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнони ВМКБ миннатдории роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён карда, ба 45 нафар хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи малакаи касбӣ супорид.

Ҳамчунин ба омӯзгороне, ки дар омода намудани ҷавонон саҳми арзишманд гузоштаанд, туҳфаҳои пулӣ тақдим гардид.
Роҳандозии чунин курсҳои бозомӯзӣ барои соҳибкасб намудани сарбозони қисмҳои низомӣ аз манфиат холӣ набуда, онҳо метавонанд аз рӯи касби омӯхтаашон дар зиндагӣ комёб бошанд.

Ногуфта намонад, ки ҳангоми сафарбар намудан ба касбомӯзӣ майлу хоҳиши сарбоз ба инобат гирифта мешавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКС: Вазорати корҳо дохилии ҶТ

Апрель 6, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

АРТИШИ МИЛЛӢ — ХОТИРИ ОСУДАИ МИЛЛАТ. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши афсарону сарбозон баргузор гардид
Соли 2024 аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон 67 ҷинояти муташаккил ошкор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 62 ҳазор нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд
Вобаста ба тақвияти ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
«ШАҲРИ ҲУШМАНД» ВА «ШАҲРИ БЕХАТАР». Соли 2024 чӣ қадар қоидавайрокунӣ сабт намуданд?
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари зиддитеррористии СММ дар доираи «Раванди Душанбе» баррасӣ гардид
Дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
Дар Тоҷикистон барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ беш аз 19 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Дар Тоҷикистон сатҳи нашъамандӣ коҳиш ёфтааст
Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ зиёд гардидааст
Бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба пешгирии омилҳои номатлуб вохӯрӣ доир шуд

Маводҳои таҳлилӣ