Шоҳроҳи Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон гулистон мешавад

Апрель 21, 2021 10:47

ТУРСУНЗОДА, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон гулҳои садбарг, мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудаанд. Ҳар як минтақа ба масъулин вогузор гардида, барои рушду нумуи ин гулҳо ва ба гулистон табдил додани ин қисмати шоҳроҳ ҳамарӯза назорати доимӣ бурда мешавад.

Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода дар баробари бунёди иншооти ҷашнӣ  инчунин  бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати хуррам ва назаррабо гардонидани муҳити атроф корҳои ободонӣ бомаром идома доранд.

Ҳоло дар минтақаҳои гулкории шоҳроҳ, ки онро асосан гулҳои садбарг ороиш медиҳанд, корҳои нармкунии бехи ниҳолҳо ва қаламчаи гули садбарг ҷараён гирифта, минтақаҳои камоб барои сабзиш ва авҷи гулҳо обёрӣ гардида истодаанд.

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов иброз дошт, ки “шаҳри Турсунзода дарвозаи ғарбии мамлакат ба ҳисоб рафта, шаҳроҳи байналмилалӣ  давлати моро тавассути Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дигар давлатҳо мепайвандад. Ҳар меҳмоне, ки аз сарҳад гузашта, вориди шаҳри Турсунзода шуд, таассуроти аввалини худро  доир ба Тоҷикистон пайдо менамояд. Аз ин лиҳоз, шоҳроҳ инъикосгари ободии шаҳр ва ободии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Вазифа ва масъулияти ҳар сокини шаҳр аст, ки давлати мо ҳамеша тозаву озода ва намуна бошад, зеро он дарвозаи  кишвар аст”.

Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 21, 2021 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад