ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 апрел, сешанбе, 103-умин рӯзи соли 2021 аст

Апрель 13, 2021 08:00

13 апрели соли 2015 дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Корея Чон Йихва мулоқот намуданд.

***

5 сол пеш, 13 апрели соли 2016 дар Душанбе  ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба мавзӯи «Муколамаи миллӣ оид ба захираҳои об дар самти идоракунии захираҳои обии Идоракунии ҳамгирои захираҳои об (ИУВР)  дар Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо оид ба об» баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Франсия оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

13 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии рок.

***

Дар Тайланд- Соли нав.

 РӮЙДОДҲО:

13 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсил мекунанд,  мулоқот намуданд.

***

13 апрели соли 2000 «Хонаи савдои Тоҷикистон ва Беларус» ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2003 дар Душанбе нишасти Шӯрои Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал доир гардид.

***

14 сол қабл, 13 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 15-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо иштироки муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Эвана Фейгенбаума таҳти унвони «Имрӯз ва ояндаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Америка» конфронс баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1814 дар Донишгоҳи Гиссенс писарбачаи 13-сола Карл Витте унвони номзади илмҳои фалсафиро соҳиб гашт, ки дар илми ҷаҳонӣ ҷавонтарин олим маҳсуб меёбад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1925 кушодашавии аввалин ҳавопаймои боркаш ба самти   Детрой — Чикаго (ИМА) ифтитоҳ ёфт.

***

Соли 1902 дар Петербург озмоиши нахустин троллейбус дар Россия доир гардид.

Апрель 13, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш