ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 апрел, ҷумъа, 92-умин рӯзи соли 2021 аст
2 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда будананд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
7 сол қабл, 2 апрели соли 2014 дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маркази таълимӣ ва истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии Шероз, ки дар назди Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Зиннат» таъсис ёфтааст, ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» хабар дод, ки ҷонишини Фармондеҳи Қӯшунҳои таъйиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА, генерали бригадаи Артиши ИМА Курт Крайтзир бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
2 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакона.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии паҳннамоии иттилоот оид ба бемории аутизм.
РӮЙДОДҲО:
2 апрели соли 2019 аз Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз болои дарёи Сир дар масофаи беш як километр «Роҳи танобӣ» ба истифода дода шуд.
***
2 апрели соли 1935 дар Сталинобод маросими кушодашавии аввалин сирк баргузор гардид.
***
6 сол қабл, 2 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба ҳукми қонун даромад.
***
2 апрели соли 1922 дар шаҳри Москва китобхонаи адабиёти хориҷӣ ифтитоҳ гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1946 Маркази ядроии «Арзамас-16» таъсис дода шуд.
***
Соли 1966 Моҳвораи шӯравии «Луна-10» дар ҷаҳон нахустин киштии кайҳоние шинохта шуд, ки Моҳро давр зад.