ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, ҷумъа, 99-умин рӯзи соли 2021 аст

Апрель 9, 2021 08:00

9 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюссел Президенти Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия Дирк Ламбрехтсро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо котиби генералии НАТО Андерсом Фог Расмуссен мулоқот намуданд.

***

9 апрели соли 2015 Агентии миллии иттилоотии «Ховар» иттилоъ дод, ки дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон аввалин компютери бузургҳаҷм мавриди истифода қарор гирифт, ки дар асоси  технологияҳои мавҷҳои ҳавоӣ кор мекунад. Компютери  бузург дорои 48 гигабайт  фаъолияти фаврӣ буда, 24 протсессори  намуди Intel Xeon  дорад, ки суръати  лаппишашон 2.6 гигагертсро ташкил медиҳад.

9 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи осорхонаҳо дар Нидерландия.

***

Рӯзи забони финӣ.

РӮЙДОДҲО:

9 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Белгия сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1957 дар шаҳри Москва Даҳаи фарҳанги тоҷик баргузор гардид.

***

11 сол қабл, 9 апрели соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени олимпии Шӯрои Осиё сарфароз гардиданд.

***

9 апрели соли 2011 дар Тоҷикистон сохтори нави СММ-UN WOMEN рӯнамоӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2001 нишасти аввалини комиссия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар тамоми самтҳо баррасӣ гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2003 дар Душанбе миёни Тоҷикистон ва Украина гуфтушунид доир гашт, ки дар анҷоми он якчанд созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расиданд.

Апрель 9, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш