Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ-иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби иҷроияи Комиссияи иҷтисодӣ-иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсия Алишаҳбана дар шакли видеоконференсия баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои марбут ба коҳиши пайомадҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, ислоҳоти СММ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва иштироки Тоҷикистон дар иҷлосияи 77-уми Комиссияи мазкур, ки 26-29 апрели соли 2021 дар шакли видеоконфренсия баргузор мегардад, табодули назар намуданд.
Инчунин ҷонибҳо масоили дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои обу энергетика, нақлиёт ва иқтисодро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки барои дастгирии кишварҳои узв дар самти татбиқи ҳадафҳои Рӯзномаи 2030 фаъолгардонии механизми ҳамкории комиссияҳои минтақавии СММ бо тими кишварии СММ тавассути ҷалби сармоя, аз ҷумла бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






