Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъи минтақаҳои наздисарҳадиро баррасӣ намуданд

Апрель 30, 2021 08:57

ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрели 2021 бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод. Вазирони корҳои хориҷӣ вазъияти душвореро, ки 28-29 апрели 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба вуҷуд омад, муфассал баррасӣ карданд.

Роҳбари мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки густариши муносибатҳо бо ҳамсоягон дар минтақа, ки Тоҷикистонро бо онҳо робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек мепайванданд, самти авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар мебошад.

С.Муҳриддин таъкид намуд, ки Тоҷикистон азми қавӣ дорад, ки аз тириқи музокирот роҳҳои ҳалли қобили қабули мутақобил ва бо дарназардошти манфиатҳои миллии худро ҷустуҷӯ кунад ва масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бо Қирғизистонро тадриҷан ҳал кунад. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳаргиз аз заминҳое, ки аслан ва қонунан ба он тааллуқ доранд, даст нахоҳад кашид.

Дар суҳбат вазирон бар аҳаммияти ҳалли масъалаҳои марзи давлатӣ танҳо аз тариқи гуфтушунидҳо таъкид карда, ғайри қобили қабул будани кӯшишҳои иғвоангезии тарафҳои алоҳидаи манфиатдорро, ки боиси бештар шиддатёфтани вазъият мегарданд, қайд карданд.

Вазирон таъкид карданд, ки адами эътимод дар минтақаҳои наздимарзӣ метавонад ҳодисаҳои навро ба вуҷуд орад ва оқибатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла талафот дар байни аҳолии ғайринизомии ду давлати ҳамсояро ба бор орад.

Вазирони корҳои хориҷӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаби сарҳади давлатӣ бояд иродаи қавии сиёсӣ зоҳир гардад.

Апрель 30, 2021 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд