«АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи пойтахт барномаи фарҳангӣ доир мегардад

Апрель 15, 2021 10:36

ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел бахшида ба Рӯзи  пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  Майдони 800-солагии  Москваи ноҳияи Шоҳмансур  дар саҳни бинои   Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва сайёҳӣ баргузор мегардад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ   «Ховар» хабар доданд, дар намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва сайёҳӣ  дастранҷи   ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла чакан, заргарӣ, кулолгарӣ, сӯзанидӯзӣ, кандакорӣ, зардӯзӣ  пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт  мегарданд.

Дар барномаи фарҳангии «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе» ҳаваскорони ҷавон ва устодони санъати тоҷик бо суруду таронаҳои ҷолиб ҳунарнамоӣ карда, фазои идонаи базмгоҳро пуршукӯҳтар  мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахт тасдиқ гардид.

Чун анъана солҳои қаблӣ дар Рӯзи пойтахт дар чор ноҳияи  шаҳр,  бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ  баргузор мегардиданд. Ҳамчунин дар ин рӯз  озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи  шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо мукофотҳои муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, айни замон бо 18 шаҳрҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ муносибатҳои дӯстона ва бародарона барқарор намудааст. Ҳамчунин бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия ва Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.

Мавриди ёдоварист, ки бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи ИДМ 22 ноябри соли 2020 дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Ситадел» -и шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон маросими пӯшидашавии соли «Шимкент — пойтахти фарҳангии ИДМ-2020» ва супоридани навбат ба шаҳри Душанбе барои соли 2021 баргузор гардид.

21 марти соли равон  дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  маросими ифтитоҳи расмии Пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 эълон гардидани Душанбе  баргузор шуд.

Дар оғози барнома муовини Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» маълумоти муфассал дода, сертификати «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021»-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориданд.

Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ва меҳмонону иштирокдорони барномаи мазкурро ба пойтахти Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, барои интихоби Душанбе ва Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон намудани он ба роҳбарону  масъулини ин барномаи байнидавлатӣ  изҳори сипос намуданд.

Сипас, ба ширкаткунандагони маросими мутантан ба муносибати  Пойтахти фарҳангии Иттиҳод (ИДМ) эълон гардидани Душанбе филми кутоҳе дар бораи дастовардҳои пойтахти  Тоҷикистон  ва  баномаи мусиқӣ иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар иҷрои  устодони санъати мамлакат ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  пешниҳод карда шуданд.

Бо ҳамин чорабиниҳо дар чорчӯбаи «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» расман оғоз гардиданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Апрель 15, 2021 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид