«ЗИ ҶӮЕ, КИ ХӮРДӢ АЗ ОН ОБИ ПОК…». Дар ноҳияи Сино аксияи экологии «Тозагии соҳил» доир гардид

Апрель 19, 2021 13:31

ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани аксияи экологии «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Синои пойтахт 32 метри мураббаъ  партовҳои сахти маишӣ ҷамъоварӣ ва 246 метри тӯлонӣ назди соҳили дарёи Душанбе аз партов тоза карда шуд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар  аксияи экологии «Тозагии соҳил», ки дар соҳили дарёи Душанбе гузаронида шуд, кормандони соҳаи коммуналӣ,  шуъбаи маорифи ноҳияи Сино ва сокинони маҳаллаи Қарамиршикор фаъолона ширкат варзида, партовҳои сахти маиширо ҷамъоварӣ ва соҳили дарёро аз поруҳо тоза намуданд. Партовҳои ҷамъоваришуда тавассути техникаҳои махсуси Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.

Инчунин бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ, роҳ надодан ба ҷойгир намудани партов дар соҳили дарёву каналҳо, ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, олуда накардани оби нӯшокӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию шукуфоӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо аҳолии маҳаллаи Қарамиршикор суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд.

Зимни мулоқот бо аҳолӣ риояи қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе таъкид гардида, гуфта шуд, ки сокинон  тавассути иштирок дар  аксияҳои экологии «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар тозагии муҳити зист ҳисса мегузоранд.

Тавре дар ин маврид шоир мегӯяд:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Нашояд фикандан дар он сангу хок.

Апрель 19, 2021 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад