Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ муайян гардиданд

Май 6, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 май дар шаҳри  Софияи Булғористон мусобиқаи ниҳоии интихобӣ оид ба гӯштин дар доираи Бозиҳои олимпии Токио – мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ  оғоз  шуда, то 9 май идома меёбад. Аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар ин мусобиқа 5 варзишгар иштирок мекунад.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин, барои ба даст овардани 36 роҳхати охирин ба Токио (иштирокчиёни финал дар 18 категорияи вазнӣ) 474 нафар варзишгарон аз 84 давлати дунё дар София ҷамъ меоянд. Ҳоло тибқи натиҷаи қуръакашӣ рақибони паҳлавонони тоҷик маълум шуданд.

Дар мусобиқаи мазкур  варзишгарони зерин  иштирок мекунанд:

Гӯштини тарзи озод

Даври муқаддамотӣ: 57кг – Муҳаммад Икромов – Рикард Антонио (Панама)

Даври муқаддамотӣ: 86кг – Баҳодур Қодиров — Бедопасса Буассат (Гвинея-Бисау)

Даври муқаддамотӣ: 125кг – Искандари Рустам — Ҷере Хейно (Финландия)

Гӯштини юнонӣ-румӣ

Даври 1/8 ниҳоӣ: 60кг – Фирӯз Мирзораҷабов— Ҷошуа Хавйер (Пуэрто-Рико)

Даври муқаддамотӣ: 77кг – Далер Ризозода — Гурприт Сингх (Ҳиндустон)

Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин хабар додааст, дар ҳоле ки дар панҷ соли охир гӯштингирони ҷавон рӯи майдон омадаанд, ҳашт нафар ҷоизадори олимпӣ ҳанӯз роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро нагирифтаанд ва дар мусобиқаи София ширкат мекунанд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин, ки соли 2019 дар  шаҳри Нурсултони  Қазоқистон баргузор шуда буд (6 роҳхат дар ҳар категорияи вазнӣ), мусобиқаҳои интихобии қоравӣ, ки соли 2021 доир гардиданд (2 роҳхат дар ҳар категорияи вазнӣ) иштирокчиёни Бозиҳои олимпиро муайян кард. Вале варзишгарони  тоҷик  дар ду мусобиқаи гузашта натавонистанд роҳхати олимпӣ ба даст оваранд.

Дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди гӯштин 288 варзишгар (192 мард, 96 зан) аз тамоми ҷаҳон ширкат мекунанд ва дар 18 категорияи вазнӣ (равияи тарзи озод — 6 вазн миёни мардон, 6 вазн миёни бонувон ва равияи юнонӣ-римӣ — 6 вазн миёни мардон) барои ҷоизаҳои олимпӣ талош менамоянд.

Май 6, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард