Бахшида ба 76-солагии Рӯзи Ғалаба кормандони РВКД дар ВМКБ бо медалҳои ҷашнӣ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд

Май 9, 2021 11:32

ДУШАНБЕ, 09.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода барои хизмати софдилона, содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, натиҷаҳои баланди хизматӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, интизоми намунавӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ якчанд нафар кормандони милитсия бо медалҳои ҷашнӣ ва мукофоти пулӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Рустам Мирзомуродзода ва  ҳайати шахсии РВКД ва ҷузъу томҳои он дар ВМКБ иштирок намуданд.

Рустам Мирзомуродзода зикр кард, ки Рӯзи Ғалаба яке аз идҳои муқаддас ва бошарафи мардуми собиқ давлати Шӯравӣ, ки кишвари мо ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили он буд, ба шумор меравад ва аз суханони волои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, қайд намуд, ки «Ҳар як рӯзи пурфоҷиаи ҷанг барои халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон як имтиҳони ҷиддӣ ва сабақи таърихӣ гардида буд».

«Имрӯз баъди гузашти чандин даҳсолаҳо мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик, якҷо бо халқу миллатҳои гуногун бар зидди мусибату машаққатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷидии таърих гузашт ва дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми муносиб гузошт»,-афзуд Рустам Мирзомуродзода .

Тазаккур дода шуд, ки кормандони мақомоти  корҳои дохилӣ бояд ҳамеша дар фаъолияти худ аз қаҳрамониҳову садоқати падарону бобоёни худ дарси ибрат гиранд. Мавсуф дар баробари далериву мардонагии халқи шуравӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, аз ҷумла халқи тоҷик ҳарф зада баён дошт, ки дар ин ҷанги мудҳиш зиёда аз 72 миллион одам ба ҳалокат расид, ки 55 миллионашон шаҳрвандони Итифоқи Шуравӣ будаанд. Аз ВМКБ бошад дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дувуним ҳазор нафар ширкат доштаанд, ки аз нисф бештари онҳо дар набардҳои ҷанг ҷони худро аз даст додаанд.

Сардори Раёсати ВКД  Рустам Мирзомуродзода дар идомаи чорабинӣ иброз кард, ки аз пирӯзӣ бар фашизм расо 76 сол сипарӣ гардид ва аксарияти иштирокчиёни ин набард ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, аммо ному пайкори онҳо ҳамеша ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Май 9, 2021 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад