Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид.
Тавре аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, дар маросими кушодашавии озмун муовини ректор оид таълим Ҳаким Абдуалимзода иброз дошт, ки баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тайи ду соли охир исбот кард, ки он сарчашмаи бузурги маънавиёт ва тавоноии беандоза пурқудратест, ки идроку маънавиёти миллатро тақвият мебахшад. Зеро бо эълон гардидани озмун на танҳо таваҷҷуҳи аҳли илму адаб, мактаббачагон ва донишҷӯён ба мутолиа ва китоб бештар гардидааст, балки он такони ҷиддие барои ба китоб рӯ овардани қишрҳои дигари ҷомеа низ гардид.
Тибқи Низомнома озмун дар ду давр – даври якум аз 26 то 30 апрел дар сатҳи факултетҳо доир шуда, даври дуюм аз 10 то 15 май миёни ғолибони даври якум дар сатҳи донишгоҳӣ гузаронида мешавад.
Дар озмун довталабон аз рӯйи панҷ номина: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср аз ҷониби ҳайати ҳакамон интихоб гардида, ба даври баъдӣ пешбарӣ мешаванд.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сию панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст.
АКС аз бойгонӣ








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






