Дар Душанбе гулгашти атрофи муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ баъди таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Май 19, 2021 10:57

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баъди  таъмиру навсозӣ  гулгашти атрофи муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ мавриди истифода  қарор гирифт. Дар ҳудуди гулгашт 4 фаввора бо масоҳати умумии 310 метри мураббаъ аз нав сохта шуда, 2 адад фаввораи мавҷуда бо масоҳати 350 метри мураббаъ бо тарҳи замонавӣ навсозӣ карда шудааст. Атрофи гулгашт бо сангҳои гуногун, дохили он   бо тахаюли рангин  ороиш  дода шуда,  гулу буттаҳои рангоранг  ва майсазорони назаррабо  онро боз ҳам мунаққаштар  гардонидааст.

Тавре  АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар кушодашавии гулгашти мазкур  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода  ва дигар масъули соҳа иштирок намуданд.

«Корҳои таъмиру навсозии гулгашти атрофи муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз 15 июни соли 2020 оғоз ёфта,  он аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мутобиқи нақшаи тарҳрезишуда амалӣ  гардид. Гулгашти нав  дар арафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин туҳфа барои сокинону меҳмонони пойтахт  маҳсуб мешавад”,-афзуд манбаъ.

Дар ҳудуди гулгашт роҳравҳо бо фурӯзонакҳои ороишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки шабонгоҳон ба ин мавзеъ шукӯҳи тоза мебахшад.

Масоҳати умумии гулгашт беш аз 6 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, иҷрои корҳои сабзазоркунӣ  масоҳати беш аз 2 ҳазору 700 метри мураббаъро  ташкил медиҳад.  Ҳамзамон дар гулгашт дарахтон ва ниҳолу гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  аз тарафи роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар пойтахт чор пул, се гулгашту сайргоҳ ва чандин иншооти дигари муҳими аҳамияти иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифатидошта сохта мавриди истифодаи умум қарор дода шуд.

Мояи ифтихор аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаю инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу иқдомоти пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат рӯз то рӯз зебою хуррам гардида истодааст.

Май 19, 2021 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд