Дар ноҳияи Кӯшониён ярмаркаи либоси мактабӣ доир шуд

Май 3, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ додем, 29 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлис дар баробари баррасии дигар масоил, аз ҷумла  чунин иброз намуданд: «..раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав то моҳи сентябр тавассути ташкили корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ бо кор таъмин намудани бонувон ва истеҳсоли либосҳои мактабиро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, талаботро ба ин намуди маҳсулот аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ қонеъ гардонанд».

Вобаста ба иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 май дар ноҳияи Кӯшониён ярмаркаи либоси мактабӣ баргузор гардид.

Тавре аз шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён иттилоъ доданд, дар ярмаркаи мазкур ширкатҳои «Дарз», «Равзаи Юсуф», «Наҷиба» ва «Кота глобал» маҳсулоти худро ба фурӯш гузоштанд.

Ҳамчунин миёни шуъбаҳои маорифи ноҳия ва ширкатҳо созишнома ба имзо расид, ки то соли таҳсили 2022 ба муассисаҳои таълимӣ 29,325 адад либоси мактабӣ дода мешавад.

Бояд гуфт, ки либосҳо бо сифати баланд ва нархи дастрас пешниҳод гардиданд. Дар назар аст, ки чунин ярмаркаҳо дар ҷамоату деҳаҳои дигари ноҳия низ баргузор гарданд.

Акс аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

Май 3, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд