ФАВРӢ: Фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ бар асари боронҳои шадид

Май 8, 2021 12:02

ДУШАНБЕ, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари боронҳои шадид дар қаламрави деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ 7 май фурӯравии замин ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 15 хонаи истиқоматии сокинон ва 100 гектар замини кишт фурӯ рехт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохӯш ва марги одамон дар мавриди интиқоли 167 хоҷагӣ ба маконҳои амн қарор қабул шуд.

Миёни сокинон талафоти ҷонӣ нест, ҳамчунин аз маргумири чорвои калону хурд низ гузориш нарасидааст. Дар айни замон дуртар аз маҳалли додиса як шаҳраки хайманишинон сохта шуда, зарардидагон бо се вақт ғизо ва оби нӯшокӣ таъмин карда шудаанд.

Бо супориши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фаврӣ  Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуд, ки ба он ҷонишини Сарвазири кишвар Давлатшо Гулмаҳмадзода сарварӣ мекунад.

Дар ҷаласаи Ситод, ки дар ноҳияи Ҷомӣ баргузор гардид, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ, Раиси вилояти Хатлон, Ҷонишини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии  Тоҷикистон, намояндагони Сарраёсати идораи геологии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти Лоиҳавӣ-таҳқиқотии “Фазо” ширкат намуданд.

Қарор шуд, ки барои бунёди як шаҳрак барои сокинони осебдида дар минтақаи бехатар замин ҷудо карда шавад.

Мушоҳидаву назорати шабонарӯзии вазъ аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби мутахассисони вазоратҳо ва идораҳо таъсис шудааст, оғоз гардидааст. Барои таъмини бехатарии аҳолии ба макони дигар интииқолёфта мақомоти махсус вазифадор карда шудаанд.

                                                                 АКС аз манбаҳои боз

 

Май 8, 2021 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»