ФАВРӢ: Фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ бар асари боронҳои шадид
ДУШАНБЕ, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари боронҳои шадид дар қаламрави деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ 7 май фурӯравии замин ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 15 хонаи истиқоматии сокинон ва 100 гектар замини кишт фурӯ рехт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохӯш ва марги одамон дар мавриди интиқоли 167 хоҷагӣ ба маконҳои амн қарор қабул шуд.
Миёни сокинон талафоти ҷонӣ нест, ҳамчунин аз маргумири чорвои калону хурд низ гузориш нарасидааст. Дар айни замон дуртар аз маҳалли додиса як шаҳраки хайманишинон сохта шуда, зарардидагон бо се вақт ғизо ва оби нӯшокӣ таъмин карда шудаанд.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фаврӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуд, ки ба он ҷонишини Сарвазири кишвар Давлатшо Гулмаҳмадзода сарварӣ мекунад.
Дар ҷаласаи Ситод, ки дар ноҳияи Ҷомӣ баргузор гардид, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ, Раиси вилояти Хатлон, Ҷонишини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, намояндагони Сарраёсати идораи геологии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти Лоиҳавӣ-таҳқиқотии “Фазо” ширкат намуданд.
Қарор шуд, ки барои бунёди як шаҳрак барои сокинони осебдида дар минтақаи бехатар замин ҷудо карда шавад.
Мушоҳидаву назорати шабонарӯзии вазъ аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби мутахассисони вазоратҳо ва идораҳо таъсис шудааст, оғоз гардидааст. Барои таъмини бехатарии аҳолии ба макони дигар интииқолёфта мақомоти махсус вазифадор карда шудаанд.
АКС аз манбаҳои боз








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






