Имрӯз мунтахаби футболи Тоҷикистон ба муқобили дастаи мунтахаби Ироқ аввалин бозии дӯстона баргузор мекунад

Май 24, 2021 11:40

ДУШАНБЕ, 24.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни дастаҳои  мунтахаби футболи   Тоҷикистон  ва Ироқ дар Варзишгоҳи байналмилалии Басра бозии дӯстона баргузор мешавад.  Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол  бо 21 бозингар — 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ба  шаҳри  Басраи  Ироқ  сафар намудааст. Бозии дӯстона миёни дастаҳои  мунтахаби  Ироқ ва Тоҷикистон имрӯз, 24 май, соати 21:30 бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи байналмилалии Басра доир  мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо  дастаи мунтахаби  Ироқ (24 май):

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳама – «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Куктош»);

Диофъгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистан), Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);

Нимҳимоятгарон: Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Ислом Зоиров (ҳама – «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе), Алиҷони Айнӣ (озод);

Ҳамлаварон: Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳама – «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Ӯзбекистон).

                                                                                                                                          Аксҳо аз ФФТ

Май 24, 2021 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд