Моҳи май дар Тоҷикистон ҳаво гарм ва сербориш мешавад

Май 3, 2021 11:03

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Моҳи май дар Тоҷикистон ҳарорати миёнаи ҳаво тибқи меъёри иқлимӣ аз 2 то 3 дараҷа баланд, ҳамчунин миқдори  моҳонаи бориш дар ин  моҳ аз меъёри муқаррарӣ баланд ва дар баъзе ноҳияҳо паст пешгӯӣ мешавад.

Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз меъёри иқлимӣ 2,0- 4,0 дараҷа баланд (меъёр дар водиҳо 20+25 ва доманакӯҳҳо 16+17 дараҷа) шуда, ҳаво дар водиҳо 21+28 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 18+19 дараҷаро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати  рӯзонаи ҳаво дар назар буда, дар ноҳияҳои водигӣ рӯзона аз 25+30 то 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ то +38 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ тағйирёбии вазъи ҳаво дар назар буда, аз 20+25 то 25+30 ва шабона 8+13 дараҷа гармӣ пешбинӣ мешавад.

Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо боронҳои шиддатнокиашон гуногун борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ аз эҳтимол дур нест. Вазъи миёнаи ҳавои моҳи майи соли 2021 дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва минтақаҳои водигии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нисбат ба моҳи майи соли гузашта аз меъёр 1-2 дараҷа гармтар пешбинӣ шудааст.

Моҳи май дар  вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳона аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо 22+23, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 9+14 дараҷа гармиро  ташкил медиҳад.

Давоми моҳ дар ин минтақа тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар назар буда, рӯзона дар водиҳо ҳаво аз 24+29 то 30+35 дараҷа гарм мешавад. Миқдори  моҳонаи бориш дар моҳи майи соли 2021 дар қисми зиёди ноҳияҳо аз меъёри муқаррарӣ зиёд  пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, боронҳои  шиддатнокиашон гуногун ва раъду барқ ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо эҳтимол жола борад. Вазиши шамол аз самти ғарб бо шиддати то 20-25 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.  Ҳарорати миёнаи ҳавои  моҳи майи соли 2021  дар вилояти Суғд нисбат ба моҳи майи соли гузашта  баробар пешбинӣ шудааст.

Ҳарорати миёнаи  ҳаво дар  минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  моҳи май аз меъёри иқлимӣ +1,5 дараҷа баландтар пешгӯӣ шудааст. Дар ин моҳ ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ 13+17, дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ 14+16 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар назар буда, ҳаво рӯзона аз 15+20 то 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ низ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар назар буда, аз 17+22 то 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар бештари ноҳияҳо ба амал омадани бориши аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.  Асосан дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  бориши шиддатнокиашон зиёд дар назар дошта шудааст.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои моҳи майи соли 2021  дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба моҳи майи соли гузашта дар  ҳудуди меъёр пешбинӣ шудааст.

Моҳи май дар  шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво аз меъёри иқлимӣ +2 дараҷа гармтар пешгӯӣ шудааст. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, рӯзона ҳаво аз 8+13 то 13+18 дараҷа гарм мешавад. Миқдори  моҳонаи бориш моҳи майи соли 2021 аз меъёри иқлимӣ паст пешгӯӣ шудааст. Давоми моҳ дар  шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Рӯзҳои алоҳида шамол аз самти ғарб бо шиддати то 15-20 метр дар як сония  мевазад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои нисбат ба моҳи майи соли гузашта аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа  баландтар дар назар аст.

Май 3, 2021 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид