Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ ширкат мекунад

Май 28, 2021 14:21

ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Александр Лукашенко имрӯз дар Минск бо роҳбарони ҳайатҳои ҷиҳати ширкат ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) омада, ки имрӯз дар пойтахти Беларус баргузор мешавад, вохӯрӣ баргузор кард.

Пас аз муошират бо Лукашенко, иштирокчиёни маҷлис ба пояи муҷассама дар майдони Ғалаба гулчанбарҳо гузоштанд. Мулоқотҳо дар доираи ҳамоиш бевосита дар «Президент-Отел» дар маркази Минск баргузор мешаванд. Қарор аст, ки аввал музокироти сарони ҳайатҳои ҳукуматӣ дар шакли маҳдуд, сипас дар шакли васеъ сурат бигиранд.

Александр Лукашенко имрӯз зимни мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳо изҳор дошт, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тавонист қобилияти ҳаётии худро дар рӯзҳои душвор тасдиқ кунад. Дар ин бора хабаргузории давлатии «БелТА» иттилоъ додааст.

«Имрӯз мо метавонем бо итминони комил бигӯем, ки лоиҳа бо номи ИДМ дар амал татбиқ шуд ва бори дигар қобилияти ҳаётии худро дар рӯзҳои душвор тасдиқ намуд», — гуфт ӯ дар мулоқот бо сарони ҳайатҳо дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки дар Минск идома дорад.

Ҳайати Тоҷикистонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки дирӯз, 27 май ба пойтахти Беларус ташриф овард, роҳбарӣ мекунад. Аллакай мулоқоти вай бо сарвазири Беларус Роман Головченко баргузор шудааст.

«Муносибот байни кишварҳои мо дӯстона мебошанд. Дар симои Тоҷикистон мо шарики муҳим ва боэътимодро мебинем. Хеле муҳим аст, ки соли 2020 гардиши мол байни Беларус ва Тоҷикистон тақрибан се маротиба афзоиш ёфт. Ин беҳтарин нишондиҳандаи он аст, ки мо на танҳо суҳбат мекунем, балки корҳои мушаххас анҷом медиҳем», — гуфт Сарвазири Ҷумҳурии Белорус.

Дар навбати худ, Қоҳир Расулзода зикр кард, ки дар Тоҷикистон ба сатҳи муносибатҳо байни кишварҳо баҳои баланд медиҳанд.

«Байни сарони давлатҳои мо муносиботи дӯстона ва бародарона барқарор шудаанд. Ин ба мо имконият медиҳад, ки муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун самаранок инкишоф диҳем. Кишварҳои мо барои рушди тиҷорат ва савдо имконияти бузург доранд», — иброз дошт Сарвазири Тоҷикистон.

Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон ва Беларус дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории мутақобилан созанда доранд, дар масъалаҳои калидӣ якдигарро дастгирӣ мекунанд. Моҳҳои январ-феврали соли 2021 муомилоти мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус 25 миллион долларро ташкил дод. Дар Тоҷикистон шабакаи молгузаронӣ дар беш аз 15 корхонаи беларусӣ фаъол аст. Дар заминаи ҶСШП «Агротехсервис» бандубасти тракторҳои ҶСШК «МТЗ», ядакҳои ҶСШК «Бобруйскагромаш» ва техникаи ҶСШК «Гомселмаш» ба роҳ монда шудааст.

Интизор меравад, ки имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар шакли маҳдуд сарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи Иттиҳод мубодилаи афкор намуда, сана ва ҷои баргузории ҷаласаи навбатии онро муайян мекунанд.

Иштирокчиёни ҷаласа дар шакли васеъ тадбирҳои муқовимат бо паҳншавии бемориҳои сироятӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи беҳдошти қаламравҳои кишварҳои ИДМ ва дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолии давлатҳои Иттиҳодро муҳокима хоҳанд кард.

Ҳамчунон имзо намудани ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва қатъ кардани истифодаи тамғаҳо ва нишондодҳои қалбакии ҷуғрофӣ, пешгирӣ ва мубориза бо бемории оқсил, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, картография, кадастр ва муоинаи фосилавӣ замин ба нақша гирифта шудааст.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа Консепсияи ҳамкории мақомоти давлатӣ (иҷроия), ки захираҳои давлатии моддии давлатҳои узви ИДМ-ро барои давраи то соли 2030 идора мекунанд ва нақшаи чорабиниҳои асосии татбиқи он тасдиқ карда шаванд.

Илова бар ин, ба имзо расонидани қарорҳо оид ба ташкилоти заминавӣ дар соҳаи омодасозии фаврӣ-стратегии афсарони қувваҳои мусаллаҳ ва таъйиноти кадрҳо ба нақша гирифта шудааст.

                                          АКСҲО: «БелТА»/АМИТ «Ховар»

Май 28, 2021 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад