Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар менамояд
ДУШАНБЕ, 29.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар раъси як ҳайати парлумонии кишвар, шомили Саидмурод Фаттоҳзода — Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва дигар кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қайсар ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ аз 29 май то 4 июни соли 2021 ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шаҳри Исломобод сафари расмӣ менамоянд.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ 10 давлат, аз ҷумла кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ўзбекистон, Туркия, Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон шомил мебошанд. 21 – уми майи соли 1998 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паймони нави Измирро тасдиқ намуда, дохил шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро ба расмият даровард. Дар доираи Созмон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла Паймони Измир, Созишнома оид ба тиҷорати транзитӣ дар минтақаи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Созишномаи сиғавии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ оид ба ҳамлу нақли транзитӣ, Созишномаи тиҷоратии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Ойинномаи Донишкадаи фарҳангии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Ойинномаи Бунёди илмии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Ойинномаи Донишкадаи маорифи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисод ва дигар санадҳо тасдиқ гардида, ба имзо расидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои созмони мазкур дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт, энергетика, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кишоварзӣ, саноат, телекоммуникатсия, фарҳанг ва маориф ҳамкориҳи густурдаро ба роҳ мондааст.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






