Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар ва фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ дар Хатлон шинос шуд

Май 21, 2021 21:43

ДУШАНБе, 21.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар ва фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ ба вилояти Хатлон сафар кард.

Нахуст Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар шинос шуд.

Ҷалби мутахассисони варзидаи соҳавӣ, истифодаи техникаву механизми муосири роҳсозӣ ва фаъолияти шабонарўзии масъулони Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд имкон фароҳам овард, ки то имрўз дар иншоот қисмати зиёди корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шаванд.

Марҳилаи якуми роҳи мошингарди «Душанбе-Бохтар» 33,2 километр ва марҳилаи дуюм 39,6 километрро ташкил медиҳад.

Айни замон дар татбиқи лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мазкур мутахассисони дохиливу хориҷӣ бо истифода аз   техникаву механизми муосири роҳсозӣ ба таври густурда фаъолият доранд.
Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, роҳи мошингарди «Душанбе-Бохтар» аз ду самти ҳаракат ба чор хатти ҳаракат расонида шуда, паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил менамояд ва пас аз татбиқи лоиҳа роҳ аз категорияи «III» ба категорияи «1-Б» гузаронида мешавад.

Ҳамчунин имрўзҳо чароғонкунӣ, сафолакпӯш намудан ва асфалтпӯшкунии нуқтаҳои боқимонда ҷараён дорад.

Масъулони Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати корҳо чун самти асосии талабот диққати хосса равона намуда, баъди анҷом ёфтани сохтмон дар ҳар қитъа сифати корро мутахассисони маҳаллию хориҷӣ бо истифода аз таҷҳизоти махсуси соҳавӣ  аз назар мегузаронанд.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди «Душанбе-Бохтар» аз ҷумлаи иншооти бунёдшавандаест, ки бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд татбиқ карда мешавад.

Аснои шиносоӣ Сарвазири мамлакат масъулинро вазифадор намуд, ки  иншоотро дар муҳлати муайяншуда, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот ба истифода диҳанд.

Дар идома Сарвазири мамлакат бо фаъолияти  хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Хуросон шинос шуд. Дар ноҳияи Хуросон заминҳои корам 11 ҳазору 384 гектарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 7 ҳазору 147 гектараш заминҳои обӣ мебошанд.

Аҳли заҳмат дар баробари дигар маҳсулот дар 261 гектар картошка ва дар 260 гектар пиёз кишт кардаанд, ки аллакай мавсими ҷамъоварии ҳосил  оғоз гардидааст.

Истифодаи тухмиҳои хушсифат, риояи агротехникаи парвариш ва истифодаи тавсияи мутахассисиони соҳаи кишоварзӣ ба нашъунамои хуби зироат замина гузоштааст.

Натиҷа ҳамин аст, ки имрўзҳо ҳосили расида ҳавасмандии хоҷагидоронро бештар намудааст.

Бо мақсади гирифтани ду ва ё се ҳосил аз як қитъа аҳли заҳмат талош доранд, ки баъди ҷамъоварии ҳосил кишти дуюм гузаронанд.

Аснои мулоқот бо хоҷагидорон Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки дар заминаи таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кишоварзон имконияти мусоид фароҳам оварда шуда, пайваста дар ин самт имтиёзҳо татбиқ мегарданд.

Ҳамчунин дар ин рўз Сарвазири мамлакат аз мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон боздид ба амал оварда, ҷаласаи сайёри Ситоди ҷумҳуриявӣ  доир намуд.

Май 21, 2021 21:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд