Ширкатҳои ҳавопаймоии Россия ваъда додаанд, ки нархи чиптаҳоро паст мекунанд
ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон аз се ширкати ҳавопаймоии Россия — «Уралские авиалинии», «Ямал» ва S7 Airlines, эълони коҳиши чиптаи ҳавопаймоҳоро дарёфт кард. Дар ин бора директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
«Мо аз ин ширкатҳои ҳавопаймоӣ посухи расмӣ гирифтем, ки қимати ниҳоии чиптаҳои ҳавопаймо барои парвозҳои чартерӣ на бештар аз 500 доллар муқаррар шудааст», — гуфт ӯ.
Ба зикри ӯ, Агентии авиатсияи гражданӣ қаблан аз ин се ширкат талаб карда буд, ки шумораи парвозҳои чартериро аз Тоҷикистон ба Россия афзоиш дода, тарофаҳоро коҳиш диҳанд.
Субҳонзода иттилоъ дод, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Россия дар посух ба дархостҳои Агентӣ ба мувофиқа расиданд, ки нархи чиптаҳоро коҳиш дода, онро ба сатҳи на бештар аз 500 доллар барои як парвоз поён мефароранд.
«Мо ҷонибдори коҳиш додани тарофаҳо ва қобили қабул будани нархҳоем. Дархости мо дар бораи парвозҳои чартерӣ танҳо ба он асос ёфтаанд, ки нархи парвозҳои онҳо хеле баланд буд ва агар тарофаҳо то ба ҳадди арзиши $ 500 паст карда нашаванд, дархостҳои минбаъда барои иҷрои парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ин ширкатҳои ҳавопаймоии Россия бозбинӣ карда мешаванд», — шарҳ дод директори Агентӣ И. Субҳонзода.
Ёдовар мешавем, ки 11 май Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон парвози ширкатҳои ҳавопаймоии «Северный ветер» и «Сибир»-ро қатъ карда, ин тадбирро ба аз будаш зиёд нишон додани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз ҷониби ин ширкатҳо то ба 1200 доллари ИМА рабт дод. Нархи чиптаи ҳавопаймо барои парвозҳои муқаррарӣ дар он вақт 500 доллар ва барои парвозҳои чартерӣ на бештар аз 8500 сомонӣ муқаррар шуда буд.
19 май Агентӣ ба таври истисно ба ин ширкатҳои ҳавопаймоӣ иҷозат дод, ки аз Душанбе ва Хуҷанд парвоз анҷом диҳанд ва зиёда аз 1000 мусофирро ба Россия бубаранд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






