Ширкатҳои ҳавопаймоии Россия ваъда додаанд, ки нархи чиптаҳоро паст мекунанд

Май 22, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Тоҷикистон аз се ширкати ҳавопаймоии Россия — «Уралские авиалинии», «Ямал» ва S7 Airlines, эълони коҳиши чиптаи ҳавопаймоҳоро дарёфт кард. Дар ин бора директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

«Мо аз ин ширкатҳои ҳавопаймоӣ посухи расмӣ гирифтем, ки  қимати ниҳоии чиптаҳои ҳавопаймо барои парвозҳои чартерӣ на бештар аз 500 доллар муқаррар шудааст», — гуфт ӯ.

Ба зикри ӯ, Агентии авиатсияи гражданӣ қаблан аз ин се ширкат талаб карда буд, ки шумораи парвозҳои чартериро аз Тоҷикистон ба Россия афзоиш дода, тарофаҳоро коҳиш диҳанд.

Субҳонзода иттилоъ дод, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Россия дар посух ба дархостҳои Агентӣ ба мувофиқа расиданд, ки  нархи чиптаҳоро  коҳиш дода, онро ба сатҳи   на бештар аз 500 доллар барои як парвоз  поён мефароранд.

«Мо ҷонибдори коҳиш додани тарофаҳо ва қобили қабул будани нархҳоем. Дархости мо дар бораи парвозҳои чартерӣ танҳо ба он асос ёфтаанд, ки нархи парвозҳои онҳо хеле баланд буд ва агар тарофаҳо то ба ҳадди арзиши $ 500 паст карда нашаванд, дархостҳои минбаъда барои иҷрои парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ин ширкатҳои ҳавопаймоии Россия бозбинӣ карда мешаванд», — шарҳ дод директори Агентӣ И. Субҳонзода.

Ёдовар мешавем, ки 11 май Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон парвози ширкатҳои ҳавопаймоии «Северный ветер» и «Сибир»-ро қатъ карда, ин тадбирро ба аз будаш зиёд нишон додани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз ҷониби ин ширкатҳо то ба 1200 доллари ИМА рабт дод. Нархи чиптаи ҳавопаймо барои парвозҳои муқаррарӣ дар он вақт 500 доллар ва барои парвозҳои чартерӣ на бештар аз 8500 сомонӣ муқаррар шуда буд.

19 май Агентӣ ба таври истисно ба ин ширкатҳои ҳавопаймоӣ иҷозат дод, ки аз Душанбе ва Хуҷанд парвоз анҷом диҳанд ва зиёда аз 1000 мусофирро ба Россия бубаранд.

                                                   АКС аз АМИТ «Ховар»

Май 22, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода