Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров раванди музокироти Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд

Май 1, 2021 20:02

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 май бо ташаббуси ҷониби Россия байни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров суҳбати телефонӣ сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

С.Муҳриддин ба ҳамтои худ дар бораи ҳодисаҳо дар сарҳад бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва созиш оиди ба эътидол овардани вазъ маълумот дод.

Вазири корҳои хориҷии мо азми Тоҷикистонро баҳри ҳалли масъалаҳои сарҳад бо Қирғизистон танҳо бо роҳи гуфтушунидҳо ва дарёфти формулаҳои барои ҳарду ҷониб қобили қабул, бо назардошти манфиатҳои миллии кишварҳо, тасдиқ кард.

С.Лавров аз роҳандозии раванди музокироти Тоҷикистону Қирғизистон ва инчунин тавофуқи ҳосилшуда дар бораи оташбас истиқбол кард.

АКС аз ВКХ ҶТ

Май 1, 2021 20:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид