ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, панҷшанбе, 147-умин рӯзи соли 2021 аст

Май 27, 2021 08:00

27 майи соли 2013 пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ва Президенти вақти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев даҳ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

6  сол пеш, 27 майи соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн рафтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016  дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок ва суханронӣ карданд. 

27 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Нигерия — Рӯзи кӯдакон.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи китобхона.

РӮЙДОДҲО: 

27 майи соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, истеҳсолкунандагон, воситаҳои ахбори омма ва  созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид ва дар он шартнома дар бораи ҳамкории иҷтимоӣ ба имзо расид.

***

 27 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе мактаби олии сарҳадбонони САҲА (ОБСЕ) ифтитоҳ гардид. 

***

11 сол қабл, 27 майи соли 2010 аввалин ҳавопаймо аз самти Душанбе ба Бориспол (Фурудгоҳи  байналмилалии Бориспол, Украина) бо 15 мусофир парвоз кард.

*** 

Дар ин рӯзи соли 1999 Суди Гаага Президенти Югославия Слободан Милошевичро гунаҳкори ҳарбӣ эълон кард.

*** 

27 майи соли 1997 дар Париж санади асосии муносиботи дуҷонибаи Федератсияи Россия ва Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ба имзо расид. 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ… 

Соли 2003 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин Фестивал-симпозиуми байналмилалии мусиқии классикии «Шашмақом» баргузор гардид.

Май 27, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш