Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни сохтмони манзилҳои зист барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуд

Май 28, 2021 11:47

ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаҳои «Навобод»-4 ва «Навобод»-5-и Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони манзилҳои нав барои оилаҳое, ки 7-8 майи соли равон бар асари офати табиӣ зарар диданд, бомаром идома дошта,  алакай  девори якчанд   хонаҳо қомат афрохтааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон  ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд,  имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сафар карда,  бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматии  зарардидагон  шинос шуда, аз аҳволи  зисти сокинони маҳаллӣ пурсон шуд.

Қурбон Ҳакимзода   ба масъулини  дахлдор ҷиҳати вусъат бахшидан ба раванди сохтмони манзилҳои зист, таъмини шароити мусоиди будубош барои зарардидагони офати табиӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки ки бар асари бориши пай дар пайи 7-8 майи соли равон ва омадани сел дар деҳаҳои Навобод 4 ва Навобод 5-и деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 19 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида, қариб 100 гектар замини кишоварзӣ фурӯ рафт ва 10 манзили истиқоматии дигар дар ҳолати хатарнок қарор дошт.

Дар доираи дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуда, сокинони зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Ҳамаи сокинони деҳаи зарардида (167 хонавода) ба минтақаҳои бехатар кӯчонида шуданд.

Бо кумак ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои зарардидаи мавзеи мазкур  масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардид.

Барои сокинони зарардида хаймаҳои муваққатӣ ташкил карда гардида, ҳамзамон зарардидагон бо хӯроки доимӣ таъмин карда шудаанд.

Хотиррасон менамоем, ки лоиҳаи манзилҳои  истиқоматӣ дар мавзеи нав  таҳия гардида,  сохтмон аз рӯи он  бомаром идома дорад.

Тавре муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Абдухолиқ Мусозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ба оилаҳои зарардида  20 адад зарфҳои обгирии ғунҷоишашон  500 литра кумак карда шуд.

-Ҳамчунин барои пухтани нон 20 дона танӯр ба ҳар як оила дастрас ва насб карда шуд. Ҳамарӯза  сокинони ноҳия ҷихати кумак ба оилаҳои зарардида ба ҳашари дастҷамьона мебароянд, -афзуд номбурда.

Май 28, 2021 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд