Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ва вакили мардумӣ Зоир Раҳмонзода дар кори Шӯрои коршиносони соҳаи тандурустии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва иҷлосияи шонздаҳуми Ассамблеяи Байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар реҷаи фосилавӣ (он-лайн) дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, иштирокчиёни ҷаласаҳои мазкур дар рӯзномаи кори худ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла «Эволютсияи биоэтика. Тадқиқоти клиникӣ ва арзёбии технологияи саломатӣ, мушкилоти ҷорӣ», «Масъалаҳои ахлоқӣ дар тиҷорати дорусозии ҷаҳонӣ», «Системаи таснифоти байналмилалӣ ҳамчун заминаи ҳалли саривақтӣ ва муносиби масъалаҳои биоэтикӣ. «Таснифоти байналмилалии фаъолият, маъюбон ва саломатӣ асоси ташкили системаи барқарорсозии ҳамаҷонибаи маъюбон», «Дар бораи ташаббусҳои қонунгузории ҷавонон ва лоиҳаҳои давлатӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи натиҷаҳои видеоконфронси байналмилалии «Ҷавонон- зидди ситоиши натсизм», «Дар бораи лоиҳаи консепсияи Тавсияҳо «Дар бораи чораҳо оид ба муайян ва дастгирии кӯдакон ва ҷавонони боистеъдод», «Дар бораи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи ҳамкории байналмилалии ҷавонон мутобиқи қарорҳои мақомоти ИДМ-ро, ки солҳои 2020-2021» қабул шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Намояндагони Парлумони Тоҷикистон таваҷҷуҳро ба мушкилоти экологии замони ҳозира ҷалб карда, таъкид намуданд, ки аз сабаби сарбории аз ҳад зиёди антропогенӣ, манзараҳои табиӣ тағйир меёбанд, мушкилоти ҳифзи гуногунии биологӣ меафзояд. Афзоиши офатҳои табиӣ, ки асосан бо мушкилоти тағйирёбии иқлим, буридани системавии ҷангалҳои осебпазир ва барқароршаванда, рушди иқтисодии нишебиҳои кӯҳ алоқаманданд, нигаронии махсус доранд.
Вакилони Парлумон ҳамчунин ба ҳамкасбони худ дар бораи чораҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист маълумот дода, иброз намуданд, ки бисёр қонунҳои дар ин соҳа қабулшуда, аз ҷумла «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи минтақаҳои махсуси ҳифзшаванда», «Дар бораи аудити экологӣ», «Дар бораи иттилооти экологӣ» ва дигарон бо назардошти ташаббусҳои қонунгузории ҷавонон таҳия карда шуданд.
Иштирокчиёни ҷаласаҳои мазкур дар фарҷом аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Аксҳо аз Маҷлиси намояндагон








Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд






