Ёдгор Файзов, Раиси ВМКБ: «Ҷавонони Бадахшон пайравони асили Пешвои миллатанд»
ДУШАНБЕ, 23.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ва махсусан, пас аз барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат давлату Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ҷавононро дар радифи дигар соҳаҳои муҳим дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, пеш аз ҳама, таҳкурсии ҳуқуқӣ ва пояҳои сохтории онро таҳким бахшиданд.
Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расида, мақоми ваколатдори соҳа — Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи ин мақоми давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки бо тақозои замон он ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш табдил ёфт. 23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармонеро «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон» ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардад.
Дар робита ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистоон муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор ФАЙЗОВ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт:
-Дар қатори дигар манотиқи кишвар сиёсати ҷавонон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар тӯли 30 соли Истиқлоли Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо кумаку дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат чандин иншооти соҳавӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ба истифода дода шуданд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани вилоят ба қишри ҷавон ҳам имконият фароҳам овард, ки бобати рушду ривоҷи соҳаи соҳибкорӣ лоиҳаҳои зиёдро амалӣ намоянд. Нисфи зиёди соҳибкорони муваффақи вилоятро имрӯз ҷавонон ташкил дода, дар соҳаи хизмати давлатӣ ва мақомоти намояндагӣ дар аксарияти вазифаҳо кадрҳои ҷавон фаъолият менамоянд.
Бо қаноатмандӣ бояд тазаккур дод, ки Бадахшонзамин бештари маврид бо захираи зеҳнии худ шӯҳратёр аст ва имрӯз ҳам зарфияти интелектуалии он, бахусус дар байни ҷавонон теъдоди зиёдро ташкил медиҳад. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи профессор М. Назаршоев, Институти илмҳои гуманитарии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи академик Б. Искандаров, Институти илмҳои биологии «Помир» ба номи академик Х.Юсуфбеков аксарияти омӯзгорону кормандони илмӣ, ҳайати олимону пажӯҳишгаронро насли ҷавон ташкил медиҳад. Мояи хурсандист, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ олимону муаллимони ҷавони тоҷик ба донишҷӯёни хориҷию ватанӣ таълим медиҳанд. Бештари мутахассисони ташкилоти байналмилалии мустақар дар вилоят аз ҳисоби хатмкардагони донишгоҳҳои ватанӣ мебошанд.
Мавсуф зикр намуд, ки дар соҳаи маориф ва тандурустӣ дар замони соҳибистиқлолӣ садҳо иншооти нав ба истифода дода шуданд ва имрӯз онҳо дар хизмати ҷомеа, аз ҷумла, насли ҷавони вилоят қарор доранд. Бо кушода гардидани муассисаҳои шакли нави таълимӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, Литсейи Оғохон ва Коллеҷи тиббӣ дар шаҳри Хоруғ, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, Литсейи касбӣ-техникӣ барои ашхоси дорои имконияти маҳдуд дар ноҳияи Рӯшон, Литсейи касбӣ-техникӣ дар ноҳияи Шуғнон ва даҳҳо муассисаи дигари соҳавӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷӣ қадар дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маориф, ки маҳз ба самти ҷавонон нигаронда шуддааст, рушду нумӯъ намуд. Ҳамасола зиёда аз 80 фисади хатмкунандагон тавассути Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил мегарданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар кишвар мебошад. Танҳо соли ҷорӣ толибилмони вилоят дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни синфҳои 11 понздаҳ медал ба даст оварданд, ки панҷтои он тилло мебошад. Ғолибияти шогирдони макотиби вилоят дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” баръало нишон дод, ки ҷавонони вилоят дар қатори ҳамватанони дигари худ аз роҳнамоиҳои Пешвои муаззами худ баҳравар гардида, кӯшиш менамоянд баҳри шукуфоии Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Ба воситаи квотаи президентӣ садҳо ҷавонон имконият пайдо намуданд, ки соҳибилму соҳибихтисос гарданд. Махсусан, дар соҳаи тиб мутахассисони зиёд аз ҳисоби ҷавонон макотиби олии соҳавиро хатм карда, ба зодгоҳи худ баргаштанд.
Бо мақсади дастгирии оилаҳои ҷавон қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» қабул гардид, ки даҳҳо оилаи ҷавон бо қитъаҳои замин таъмин ва аз маблағҳои қарзии имтиёзнок истифода бурданл.
Барои обутоби бадан ва ба машғулияти варзишӣ ҳарчӣ бештар ҷалб намудани насли наврас ва ҷавони вилоят бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят, дар маҷмӯъ, 373 адад иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд. Айни ҳол як маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, 70 толори варзишӣ, 288 майдончаи одии варзишӣ, 12 варзишгоҳ, 3 қасри варзишии «Вастан» дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон дар ихтиёри ҷавонон қарор доранд. Дар вилоят 10 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3674 нафар варзишгар, аз ҷумла 678 духтар фаъолият карда истодаанд.
Танҳо дар ду соли охир варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳо иштирок намуда, сазовори 187 медал гардиданд, ки аз инҳо 35 медали тилло, 62 медали нуқра ва 90 медали биринҷӣ мебошанд. Ҳамчунин варзишгарони мо дар чанд мусобиқаи байналмилалӣ низ муваффақона иштирок намуданд. Аз теъдоди умумии иштироккунандагон қариб сад нафарро варзишгардухтарон ташкил медиҳанд.
Аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бобати баланд бардоштани сатҳи дониш ва савияи корию тахассусии кадрҳои ҷавон пайваста курсу семинарҳо доир гардида, ҳамасола аз шаҳру навоҳии вилоят теъдоди муайяни кормандони ҷавони мақомоти маҳаллӣ дар магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Чунин курсу семинарҳо барои варзишгарону мураббиёни онҳо низ доир карда мешаванд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани маҳорату малакаи варзишгарону мураббиёни вилоят самараи хуб медиҳанд.
Ҷавонони вилоят сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб дарк намуда, дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок менамоянд. Интихобот ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ нишон дод, ки қишри ҷавони ҷомеа, бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ сарҷамъона дар ташкил ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани онҳо иштироки фаъол намуда, теъдоди зиёди онҳо мандати вакили мардумиро дар маҷлисҳои вакилони халқи ҷамоати шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳия ва вилоят ба даст оварданд. Ба ҷонибдории номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 90 фисади ҷавонони вилоят раъй доданд, ки ин бори дигар, аз як ҷиҳат сиёсати комилан дурусту дурандешона ва созандаю қобили қабули муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон диҳад, аз ҷониби дигар сатҳи баланди маърифати сиёсӣ ва дарки пурраи сиёсати имрӯзаи бунёдкоронаи Пешвои миллатро аз ҷониби ҷавонони Бадахшонзамин ва умуман кулли ҷавонони Тоҷикистон баръало зоҳир менамояд.
Сафарҳои кории Президенти Тоҷикистон ба вилоят ҳамеша навоварӣ ва дигаргуниҳои ҷиддии мусбатро дар хоҷагии халқи вилоят дар пай доранд. Соли гузашта низ, новобаста аз вазъи эпидемиологӣ, ки дар заминаи паҳншавии бемории КОВИД-19 ба вуқӯъ омад, мардуми вилоят ва махсусан ҷавонон бо рӯҳияи баланд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешвоз гирифтанд. Дар доираи ин сафар қариб 50 иншоот ба истифода дода шуда, дар пойдевори сохтмони инфрасохтори дигари муҳим санги асос гузошта шуд. Бештари ин иншоот хусусияти иҷтимоӣ дошта, маҳз барои насли наврасу ҷавон пешбинӣ гардидаанд.
Дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба соҳаи кор бо ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои дастгирии самимона ба ин неруи бузурги созанда изҳори сипос намуданд, ки дар радифи ҳаммиллатону ҳамватанони дигари худ ҷавонони Бадахшон онро чун нишонаи олии қадрдонии шоиста аз фаъолият ва ҷонибдории сиёсати роҳбарияти олии кишвар қабул намуданд. Дар ҷавоб ба чунин қадрдониҳо ва дастгирию мусоидатҳо бори панҷум аст, ки родмардони ҷавони вилоят дар рӯзи нахустини даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷуҳурии Тоҷикистон нақшаро сарбаландона иҷро намуда, бо хоҳиши қалби худ ва иродаи қавӣ ба хизмати Ватан-Модар мераванд.
Дар вилоят ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” ва “Созандагони Ватан” фаъолияти густурда дошта, ҷавонони вилоят дар аксарияти маъракаҳои ободонию таблиғотӣ ба симмати волонтёр ё аз тариқи хизмати ифтихорӣ иштирок намуда, дар ташкил ва баргузор намудани маъракаю чорабиниҳо дастёри мақомоти маҳаллӣ буда, ба шахсони ниёзманд ҳамеша дасти ёрӣ дароз менамоянд.
Соли 2020 бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди вилоят бо иштироки ҷавонон ба намояндагӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят Фестивали минтақавии дӯстии ҷавонони вилоят дар самти тарбияи ватандӯстиву ватанпарастӣ баргузор гардид.
Ҷавонон аз иншооти азим, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардиданд, дидан намуданд. Инчунин дар доираи сафар ҷавонон аз қисмҳои низомӣ дидан намуда, дар вохӯриҳо бори дигар садоқати худро ба Модар-Ватан баён намуда, ба сарбозони қисмҳои низомӣ лавозимоти варзишӣ тақдим намуданд.
Имсол мардуми соҳибдавлату соҳибтамаддуни тоҷик 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Дар ин замина дар шаҳру навоҳии вилоят омодагиҳои ҳамаҷониба идома доранд ва ҷавонон чун неруи пешбарандаи ҷомеа дар ин ҷода хеле фаъоланд. Ҳам дар соҳаи сохтмон, ҳам соҳибкорӣ, ҳам иштирок дар озмуну фестивалҳо ва ҳам мусобиқаҳои варзишӣ ҷавонони мо серғайрату фаъоланд.
Ҳодисаҳои солҳои охир дар ҷаҳону минтақа рухдода ва шиддат гирифтани авзои сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки махсусан, таваҷҷуҳи худро ба соҳаи кор бо ҷавонон боз ҳам зиёдтар намуда, баҳри роҳандозии стратегияю консепсия ва барномаю нақшаҳои қабулгардида дар ин самт тадбирҳои дучанд андешем. Имрӯз дар ин ҷода дар ҳудуди вилоят даҳҳо иншоот бунёд гардида истода, барои муҳайё сохтани шароит ва имконияти беҳтару васеътар барои ҷавонони вилоят чӣ дар доираи фаъолияти зеҳнӣ, эҷодӣ, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва чӣ варзишӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳои хеш бо ҷавонони кишвар зикр намуда буданд, ки “Истиқлоли давлатӣ ҳамон вақт устувору пойдор мегардад, ки ҳар фарди ҷомеа ба қадри он расад ва ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намуда, озодиву соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои ояндаи миллат шуморад”.
Бегумон, ҷавонони мо имрӯз ба дарки моҳияти ин суханони Пешвои муаззами миллат ба хубӣ расида, омодаи онанд, ки бо тамоми неру аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, арзишҳои волои миллӣ, номусу шараф ва хоки муқаддаси Ватани азиз дифоъ намоянд. Мо ба ирода, ҷасорату ватанпарастӣ ва миллатдӯстии ҷавонони сарбаланду боғурури тоҷик боварии комил дорем!
Аксҳо аз МИҲД ВМКБ