Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» боздид ба амал оварданд

Июнь 11, 2021 12:53

ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи Баҳри Тоҷик, ки обанбори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ба ҳисоб маравад, боздид ба амал оварданд.

Обанбори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” яке аз калонтарин обанборҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки дарозии он то 65 километр, паҳноияш аз 8 то 20 километр ва масоҳати сатҳи меъёрии иншоот 512 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳаҷми обанбор 3 миллиарду 413 миллион  метри мукааб буда, он таъиноти истеҳсоли неруи барқ ва обёрии заминҳои кишоварзии давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистонро ба уҳда дорад.

Тазаккур дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳост дар раванди геополитикии истифода ва тақсими одилонаи захираҳои обӣ талоши амиқ ба харҷ медиҳад. Инчунин, давлати мо, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои созандаи худ дар роҳи расидагӣ ба мушкилоти марбут ба об дар ҷаҳон мақоми шоистаро соҳиб шуда, чорумин ибтикори глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об-Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад. Ҷумҳурии мо аз оғози истиқлоли давлатии худ бо дарки нақши калидиаш дар захираҳои обӣ ва энергетикии минтақа дар раванди ҷаҳонӣ фаъолияти муассир дорад.

Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи муваффақонаи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар мамлакат ёдовар шуда, мавқеи кишвари моро дар иртибот ба муҳимияти амалишавии ин тарҳҳо, ки ҳамагӣ аз аҳамияти минтақавӣ бархӯрдор мебошанд, махсус таъкид карданд.

Меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳангоми боздид аз ин макони дилфиреб, бори дигар ҳавасмандии ҷониби Ӯзбекистонро бобати шарикӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки гидроэнергетикии Тоҷикистон баён намуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 обанбор мавҷуд аст ва ҳар кадоме аз 0,028 то 10,5 миллиард метри мукааб обро ғунҷоиш медиҳанд. Обанборҳо захирагоҳҳое мебошанд, ки ҳам обро ҳифз мекунанд ва ҳам бо таҳшинии лойқа, об тозаву мусаффо мешавад. Захира шудани об дар обанбор имкон медиҳад, ки ҷараёни об ба таври шабонарӯзӣ ва солона танзим гардад, то ҳам заминҳои кишоварзӣ обёрӣ ва ҳам заминҳои нав аз худ шаванд. Обанборҳо дар шаклгирии ҷараёни об нақши муҳим доранд. Ба қавли коршиносони масоили глобалӣ, як роҳи асосии рафъи камбудии об дар минтақа, дар навсозии обанборҳои куҳна мебошад.

Таъкид гардид, ки дар умум меҳвари сиёсати обиву энергетикии давлати моро таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти истифодаи захираҳои обии фаровони кишварамон ташкил медиҳад.

Гуфтан ба маврид аст, ки қисми зиёди заминҳои кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҳисоби захираи оби обанбори Неругоҳи “Қайроққум” обёрӣ карда мешаванд, ки намунаи барҷастаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти истифодаи одилонаи захираҳои обии мамлакати мо мебошад.

Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи навсозии иншооти амалкунандаи гидроэнергетӣ, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» шурӯъ аз соли 2019 ҷараён дорад. Мувофиқи ҷадвал, санаи оғози татбиқи лоиҳаи таҷдиди НБО “Қайроққум” аз 23 августи соли 2019 муайян гардида, муҳлати ба анҷом расидани лоиҳа 57 моҳ пешбинӣ шудааст.

Тибқи қарордоди баимзорасида, маблағи пешбинишуда барои татбиқи лоиҳа 153,6 млн. доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он, бо зиёд намудани иқтидори неругоҳ аз 126 МВт то ба 174 МВт пешбинӣ гардидааст.

То ба имрӯз дар доираи лоиҳаи таҷдиди НБО «Қайроққум» як қатор корҳои таҳқиқотии топографӣ, геофизикӣ, геотехникӣ, андозагирии қисми обгузар ва бетонии неругоҳ, таҳқиқоти кисми зериобӣ, озмоиши модели турбина, азназаргузаронии ҳолати зериобии таҷҳизоти гидромеханикӣ ва қисми бетонӣ, гирифтани намунаҳо барои гузаронидани озмоиши лабараторӣ, лоиҳакашии муфассал доир ба таҷҳизоти ёрирасон, корҳои омодасозӣ, тартиби нақшаҳои бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист, нақшаи таҳия ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ва нақшаи сифат иҷро гардидаанд.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” 11.06.2021

Июнь 11, 2021 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд