Арабистони Саудӣ соли 2021 зоирони хориҷиро барои адои маросими ҳаҷ қабул карда наметавонад

Июнь 14, 2021 11:26

ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Арабистони Саудӣ рӯзи шанбе, 12 июн эълом дошт, ки ба 60 ҳазор сокинони алайҳи Covid-19 эмгузаронишуда соли равон барои адои маросими ҳаҷ иҷозат медиҳад. Аммо, соли дуюм аст, ки пайдарпай ба мусалмонони хориҷӣ барои адои маросими ҳаҷ иҷозат дода намешавад. Шоҳигарӣ изҳор доштааст, ки кишварҳои дигарро аз тасмимаш дар мавриди роҳ надодани зоирон аз кишварҳои хориҷӣ огоҳ кардааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Би-би-сӣ» хабар медиҳад.

Дар изҳороти Вазорати умури ҳаҷ, ки агентии  иттилоотии расмии Арабистони Саудӣ аз он иқтибос овардааст, гуфта шудааст, ки сафари ҳаҷ, ки моҳи июл ба нақша гирифта шудааст, ба одамони  аз 18 то 65-сола, ки бо ваксинаҳо эм шудаанд ва мубталои бемориҳои музмин намебошанд, иҷозат дода мешавад. Хоҳишмандони адои маросими ҳаҷ бояд дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунад.

Дар маросими ҳаҷҷи соли гузашта танҳо 10 000 нафар ширкат намуданд, ки 70% онҳо хориҷиён ва 30% — саудиҳо буданд. Соли 2019, дар маросими панҷрӯзаи солонаи ҳаҷ 2,5 миллион нафар зоирон ширкат варзиданд. Ҳаҷи акбар ва ҳаҷи умра, ки тамоми сол идома меёбад, дар шакли муқаррарӣ ҳар сол ба Арабистони Саудӣ тақрибан 12 миллиард доллар фоида меорад.

Моҳи октябри соли гузашта, ин кишвар тадбирҳои маҳдудкунандаро сабук кард ва бо гузашти ҳафт моҳ бори аввал Масҷиди бузургро барои адои намоз боз кард ва ҳаҷҷи солонаи умраро қисман иҷозат дод. Маҳдудият барои шумораи ҳоҷиёни умра дар як рӯз 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва дар ҳамин ҳол 60 ҳазор муъминон метавонанд намозҳои ҳаррӯзаро дар масҷид бигузоранд.

Арабистони Саудӣ аз 1 август доштани санади эмгузаронишуданро барои вуруд ба муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҷойҳои фароғатӣ ва инчунин истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ ҳатмӣ мекунад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 14, 2021 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст