Аз 29 июн то 5 июл дар Тоҷикистон даври навбатии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 июн то 5 июли соли равон дар Тоҷикистон миёни кӯдакони то шашсола даври навбатии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ (полиомиелит) доир мешавад. Дар даври мазкур кӯдакон вояи дуюми ваксинаи зидди фалаҷро қабул мекунанд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, танҳо иммунизатсия метавонад кӯдаконро аз фалаҷ ва оризаҳои хатарноки он, аз қабили фалаҷи шадид эмин дорад.
Маъракаи иммунизатсия бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва шарикони соҳаи тандурустӣ дар доираи Ташаббуси глобалӣ оид ба маҳви бемории фалаҷ роҳандозӣ шудааст.
Мақсад аз баргузории рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ мустаҳкам намудани масунияти кӯдакони синни то 6 сола бар зидди бемории фалаҷ ва нигоҳ доштани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи якуми маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ миёни кӯдакон аз 31 май то 5 июн доир шуд.








Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ






