Аз 29 июн то 5 июл дар Тоҷикистон даври навбатии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ доир мешавад

Июнь 30, 2021 14:05

ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 июн то 5 июли соли равон дар Тоҷикистон миёни  кӯдакони то шашсола даври навбатии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ (полиомиелит) доир мешавад. Дар даври мазкур  кӯдакон вояи дуюми ваксинаи зидди фалаҷро қабул мекунанд. 

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, танҳо иммунизатсия метавонад кӯдаконро аз фалаҷ ва оризаҳои хатарноки он, аз қабили фалаҷи шадид эмин дорад.

Маъракаи иммунизатсия бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва шарикони соҳаи тандурустӣ дар доираи Ташаббуси глобалӣ оид ба маҳви бемории фалаҷ роҳандозӣ шудааст.

Мақсад аз баргузории   рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ мустаҳкам намудани масунияти кӯдакони синни то 6 сола бар зидди бемории фалаҷ ва нигоҳ доштани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи якуми маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ миёни кӯдакон аз 31 май то 5 июн доир шуд.

Июнь 30, 2021 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд