Басти якуми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардид

Июнь 25, 2021 13:25

ДУШАНБЕ, 25.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз, 25 июн дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Шарора»-и ноҳияи И.Сомонӣ, «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Зимчуруд» -и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт  басти якуми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе  оғоз гардид, ки то 6 июли соли 2021 идома меёбад.

Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  басти якум дар  истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии  «Орзу», «Шарора», «Гулхан» ва  «Зимчуруд»  948 нафар, аз ҷумла 750 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 118 нафар ҳайати омӯзгорию кормандони техникӣ ва 80 нафар тарбиягирандагони Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе  фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин дар 36 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт  бо фарогирии 1600 нафар хонандагон басти якуми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон оғоз гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 24 майи соли 2021 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони пойтахт тасдиқ гардид.

Тибқи қарори мазкур Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор гардида буд, ки истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳрро бо кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин намуда, доир ба баргузории чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, тадбирҳои самаранок андешад.

Сарраёсати мазкур  ҳамчунин барои дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ташкил намудани гурӯҳҳои истироҳатӣ-омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ барои хонандагони болаёқат ва назорати фаъолияти онҳо муваззаф гардидааст.

Инчунин бо ин қарор Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мансубро бо доруворӣ ва мутахассисон таъмин намуда, барои ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон мусоидат намоянд.

Ҳамзамон тозагӣ ва ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ будани ошхона, ҷойи хоб ва дигар иншооти зурурии истироҳатгоҳҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

 

Июнь 25, 2021 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад