БМТ ба «Си Эйч Эл Интернешнл» барои хизматрасонии махсус ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 14.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Си Эйч Эл интернешнл» барои хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
— Ин тадбир дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», андешида шудааст, — афзуд манбаъ.
Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!






