Дар форуми минтақавӣ дар Боку масъалаҳои маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва сиёсати савдо баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода дар Форуми минтақавии «Asia Small and Medium—Sized Enterprise Monitor 2025», ки бо ташаббуси Бонки Осиёии рушд дар Боку доир гардид, иштирок намуд. Дар ҳамоиш масъалаҳои маблағгузории соҳибкории хурду миёна, сиёсати савдо ва имконияти рушди устувори ин бахш дар кишварҳои минтақа муҳокима гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, иштирокдорони форум вобаста ба хавфҳои нав дар бозорҳои молиявӣ дар пасманзари шиддат гирифтани танишҳои геосиёсӣ ва таъсири онҳо ба маблағгузории соҳибкории хурду миёна сухан намуданд.
Ҳамзамон оид ба тадбирҳои мақомоти танзими молиявӣ ҷиҳати коҳиши хавфҳо ва фароҳам овардани имконияти алтернативии маблағгузорӣ ба соҳибкорон мубодилаи афкор доир шуд. Дар форум инчунин масъалаҳои марбут ба рушди савдои байналмилалӣ, нақши ҳамкории минтақавӣ дар ин самт ва афзоиши сатҳи фарогирии молиявӣ баррасӣ карда шуданд.
Дар доираи форум муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо директори иҷроияи Бонки Осиёии рушд оид ба Ҷопон Шигэо Шимидзу мулоқот намуд. Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, аз ҷумла рушди низоми молиявӣ, дастгирии соҳибкорони хурду миёна ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори назар карданд.
Мусоҳибон инчунин масъалаи кумаки техникӣ бо ҷалби мутахассисону мушовирон барои фароҳам овардани заминаи меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои суғуртавиро баррасӣ намуданд.
Намояндаи Бонки Осиёии Рушд Шигэо Шимидзу изҳор намуд, ки ин пешниҳод мавриди омӯзиш қарор дода шуда, имконияти расонидани чунин кумак баррасӣ карда мешавад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






