Чор дзюдочӣ метавонанд Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Токио намояндагӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 17.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио Тоҷикистонро якбора чор дзюдочӣ метавонанд муаррифӣ кунанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Мураббии шоистаи Россия, собиқ мураббии Расул Бокиев ва Комроншоҳ Устопириён Владимир Елчанинов, ки дар рушди дзюдои тоҷик низ саҳм гузоштааст, дар мусоҳиба бо хабаргузории «Sputnik» изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, рейтинги расмии ҷаҳонии дзюдо, ки иштирокчиёни Олимпиадаи қарибулвуқӯи Токиоро муайян мекунад, ҳанӯз ҷамъбаст нагардидааст.
«То ҳол ягон дзюдочӣ расман иҷозатнома нагирифтааст. Танҳо тахмин кардан мумкин аст, ки маҳз кӣ метавонад ба Бозиҳо — 2020 равад», — гуфт мураббии машҳури дзюдо, ки шогирдонаш борҳо чемпион ва ҷоизадорони Чемпионатҳои Россия, Осиё, Аврупо, ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ гардидаанд.
Елчанинов тазаккур дод, ки ӯ системаи интихоби Олимпиадаро хуб омӯхтааст: «Он ба тариқи зайл сурат мегирад. Холҳои интихобӣ дар давоми ду соли пеш аз Бозиҳо аз 25 майи соли 2018 то 28 июни соли 2021 ҷамъ мешаванд (соли сеюм бинобар пандемия ва интиқоли Бозиҳои олимпӣ буд). Дар давоми соли якуми марҳилаи интихобӣ, холҳои бадастомада 50% аз арзиши онҳо ва соли дуввум — 100% мебошанд».
Ба гуфтаи мураббии ботаҷриба, панҷ натиҷаи беҳтарини сол дар ҷадвал ҳисоб карда мешавад ва илова бар ин нишондиҳандаи шашум барои роҳ ёфтан дар чемпионати континенталӣ ё мусобиқаи силсилаи «Мастерс» мебошад. Гузашта аз ин, холҳо барои ҷои гирифташуда танҳо дар сурати ғалаба ба инобат гирифта мешаванд. Барои иштирок холҳои кам дода мешаванд — ҳадди аксар дар як Чемпионати ҷаҳон 20 хол. 18 нафар беҳтаринҳо ба Бозиҳои олимпӣ бевосита роҳхат мегиранд.
Тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар Бозиҳои Токио як кишварро танҳо як варзишгар дар як вазн, ки аз рӯи рейтинг дар қатори 18 беҳтарин ҷой гирифтааст, муаррифӣ карда метавонад.
Бисёриҳо, вақте зиёда аз 20 нафарро дар ҷойи сабз мебинанд ва дар куҷо будани варзишгари худро намефаҳманд, ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Гап сари он аст, ки дар ин ҷой метавонанд аз як кишвар ду ё се варзишгаре бошанд, ки дар як вазн ҷойҳои баландро ишғол кунанд, аммо онҳо бояд як нафар ҳисоб карда шаванд. Чунин варзишгарон дар рейтинг бо ситораҳо қайд карда мешаванд ва пас аз интихоб гардидани дзюдочӣ аз ҷониби федератсияи миллӣ, ки кишварро дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, боқимондаҳо то 28 июн аз рӯйхат хориҷ карда мешаванд ва танҳо 18 нафар боқӣ мемонанд.
Федератсия метавонад яке аз ин дзюдочиёнро новобаста аз рейтинги баланд ҷойгир кунад. Масалан, ба тими миллии Япония нигаред, ки як сол пеш ҳайати худро эълон карда буд. На ҳамаи аъзоёни он дар рейтинг ҷойҳои баландро касб кардаанд.
Бо мақсади намояндагии ҳарчи бештари кишварҳо дар Олимпиада, Федератсияи байналмилалӣ ба иттифоқҳои континенталӣ боз 100 ҷой ҷудо кард: Африка (12 мард + 12 зан), Аврупо (13 + 12), Осиё (10 + 10), Океания (5 + 5), Панамерика (10 + 11). 20 ҷои дигар ба кишварҳое дода мешавад, ки ба ҳеҷ ҷо наафтодаанд. Бояд гуфт, ки ин ҷойҳо танҳо ба як иштирокчӣ аз кишваре дода мешаванд, ки рейтинги баландтарин дорад.
Ҳамин тариқ, ба гуфтаи Елчанинов, имрӯз дзюдочиёни тоҷик се роҳхати мустақим дар вазнҳои 73 кг (Сомон Махмадбеков), 90 кг (Комроншох Устопириён), +100 кг (Темур Раҳимов) доранд, Акмал Муродов роҳхати чорумро тибқи квота аз Осиё мегирад.
«Рейтинги мазкур ба зудӣ эълон хоҳад шуд ва рӯйхати расмии иштирокчиёни Федератсияи байналмилалии дзюдо дар Бозиҳои олимпӣ то 28 июн омода хоҳад шуд», — гуфт Елчанинов.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио мебоист 24 июли соли 2020 оғоз мешуданд. Аммо, бинобар таҳдиди паҳншавии сирояти коронавирус, онҳо то тобистони имсол мавқуф гузошта шуданд. Олимпиада дар пойтахти Япония аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад.
АКС аз YouTube








Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд






