Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид

Июнь 29, 2021 11:51

ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 июн  дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе маросими кушодашавии Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ, ки  он ба ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад, доир гардид. Дар  мусобиқаи мазкур  6 даста —  варзишгарони шиновар аз  Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон ва минтақаҳои Тоҷикистон ба ҳам сабқат менамоянд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар мусобиқаи анъанавӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои марбута доир карда мешавад, Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, сардори Раёсати варзиши Ҷамъияти «Динамо»-и Ҳаракати умумироссиягии «Динамо»-и Федератсияи Россия полковники милитсия Андрей Данилов ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханорӣ намуданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз намуд, ки «Варзиш қосиди сулҳ, тарғибгари ҳаёти солим, тинҷиву оромӣ, таҳкимбахшандаи риштаҳои дӯстию рафиқӣ байни халқу миллатҳо мебошад. Бо дастгирӣ ва таҳти дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти мамлкат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш, такмили маҳорати варзишгарони кишвар ва мубодилаи таҷриба бо кишварҳои дӯсту ҳамсоя таваҷҷуи хосса зоҳир карда мешавад. Тайи солҳои охир, инфрасохтори соҳаи варзиш дар ҷумҳуриямон хеле рушду инкишоф ёфта, дар саросари кишвар садҳо иншооти хурду калони варзишӣ сохта мавриди истифода қарор мегиранд. Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ низ баёнгари ин гуфтаҳост, ки яке аз иншооти замонавӣ ба хисоб меравад. Барои омода намудани варзишгарон мураббиёни ботаҷриба ва мутахассисони соҳавӣ ҷалб карда мешаванд. Боварӣ аст, дар оянда низ чунин чорабиниҳои варзишӣ бо мақсади дӯстию ҳамгироии байни миллатҳо боз ҳам дар сатҳи баландтар баргузор карда шуда, теъдоди бештари варзишгарон ҷалб карда хоҳанд шуд».

Варзишгарони иштирокчӣ аз рӯи намудҳои варзиши шиноварии тарзи озод, баттерфлай, брасс, пуштнокӣ ба масофаҳои 50 метр, 100 метр, маҷмуавӣ ба масофаи 200 метр ва эстафетаи даставӣ дар масофаи 4х50 метр байни занҳо ва мардҳо дар алоҳидагӣ бо ҳам рақобат менамоянд. Доварони дараҷаи байналмилалӣ зери роҳбарии сардовар, довари дараҷаи байналмилалии аъзои ФИНА Шерзод Иногамов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон назорат ва баҳогузорӣ варзишгаронро ба зимма доранд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ғолибони намудҳои варзиши шиноварӣ муайян ва дар маросими тантанавӣ бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

АКСҲО: ВКД ҶТ

Июнь 29, 2021 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид