Дар деҳаи Ҷарқӯрғони шаҳри Истаравшан маркази саломатӣ, гармхона бунёд шуда, кӯдакистон аз нав барқарор мегардад

Июнь 10, 2021 08:40

ДУШАНБЕ, 10.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи  Ҷарқӯрғони Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ бунёд мегардад. Бо ин мақсад, 9 июни соли равон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода якҷо бо масъулин аз макони корҳои сохтмонии маркази саломатӣ дидан намуда, бо  лоиҳаи он аз наздик шинос шуданд.

 Тавре аз маркази матбуоти дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, маркази саломатии мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони маҳал дар деҳаи Ҷарқӯрғон ба нақша гирифта шуда, бинои мазкур то  ҷашни миллӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Сипас раиси шаҳри Истаравшан бо ҷараёни корҳои сохтмонии  гармхона дар муассисаи таълимии №22-и деҳаи мазкур  шинос гардид.

Сохтмони гармхонаи мазкур соли 2021 дар доираи лоиҳаи «Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ» пешниҳод ва маблағгузорӣ карда шуда, моҳи апрели соли равон корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд.

Ба иттилои масъулин,  сохтмони гармхона то  таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба итмом расонида шуда, пас аз ба истифода қарор гирифтан дар он сабзавоти барвақтӣ ва меваҳои гуногун парвариш карда мешаванд.

Раиси шаҳри Истаравшан ҳамчунин бо ҷараёни  корҳои барқароркунии кӯдакистони аз фаъолият бозмондани деҳаи Ҷарқӯрғон  шинос шуд. Барқарорсозии кӯдакистони мазкур соли 2020 бо дастгирии фаъолони деҳа ва соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардида, то   ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муассисаи томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.  Баъди ба  истифода  додани кӯдакистон  200 нафар тарбиятгиранда  дар он   фаро гирифта мешавад.

Аксҳо аз МИҲД шаҳри Истаравшан

Июнь 10, 2021 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои навбунёди Қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд